https://sputnik.tj/20211123/hushdori-smm-vazi-vakhimi-nizomi-molii-afghoniston-1043723027.html
Ҳушдори СММ аз вазъи вахими низоми молии Афғонистон
Ҳушдори СММ аз вазъи вахими низоми молии Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар дар бораи буҳрони дарпешистодаи иқтисодии Афғонистон ҳушдор доду гуфт, низоми бонкӣ ва молии ин кишвар дар ҳоли суқут қарор дорад
2021-11-23T21:00+0500
2021-11-23T21:00+0500
2021-11-23T21:00+0500
иқтисод
бонк
афғонистон
смм
осиёи марказӣ
молия
низом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771064_0:95:3304:1954_1920x0_80_0_0_493eb2654fd8f95d7780c954de28a55c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, Барномаи рушди СММ дар гузорише эълом кардааст, ки қарзҳои пардохтнашудаи бонкӣ дар Афғонистон аз 30 дарсади поёни соли 2020 ба 57 дарсад расидаанд, хабар додааст ИРНА.Сухангӯи Созмони Милал ҳамчунин қайд кард, ки тақозои кумаки молии ин созмон барои 11 миллион нафар дар Афғонистон ба арзиши 606 миллион доллар ба таври комил таъмин шудааст.Мушкилоти иқтисодӣ дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани толибон вуҷуд омад. Дар ин кишвар ҳоло фақру бекорӣ бо шуруи фасли сармо дар ҳоли рушд аст.Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ба бадтарин фоҷеаи башарӣ мунҷар хоҳад шуд.Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, дар сурати фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон барои бозсозии он даҳсолаҳо лозим хоҳад шуд.Пеш аз ба қудрат расидани толибон низоми бонкии Афғонистон низ осеб дида буд ва ин вазъ пас аз ба дасти ҷангҷӯён афтидани Кобул ва қатъи кумакҳои хориҷию масдудсозии захираҳои Бонки марказии Амрико шиддат гирифт.Қаблан Салиби Сурх ва дигар созмонҳои байналмилалӣ камбуди пули нақд дар Афғонистонро як мушкили ҷиддӣ хонда, хостори рафъи он шуда буданд.
https://sputnik.tj/20211123/smm-furuposhi-nizom-bonki-afghoniston-1043705412.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771064_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_db064ea6150fa4ea8d5ead0c45da1c94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, смм, ҳушдор, низоми молӣ, бонк
афғонистон, смм, ҳушдор, низоми молӣ, бонк
Ҳушдори СММ аз вазъи вахими низоми молии Афғонистон
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар дар бораи буҳрони дарпешистодаи иқтисодии Афғонистон ҳушдор доду гуфт, низоми бонкӣ ва молии ин кишвар дар ҳоли суқут қарор дорад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, Барномаи рушди СММ дар гузорише эълом кардааст, ки қарзҳои пардохтнашудаи бонкӣ дар Афғонистон аз 30 дарсади поёни соли 2020 ба 57 дарсад расидаанд, хабар додааст ИРНА.
“Барномаи тавсеаи Созмони Милал тахмин мезанад, бо идомаи бардошти пул аз ҳисобҳои бонкӣ супурдаҳои бонкӣ дар Афғонистон то поёни соли равон 40 дарсад коҳиш меёбад”, - гуфт вай.
Сухангӯи Созмони Милал ҳамчунин қайд кард, ки тақозои кумаки молии ин созмон барои 11 миллион нафар дар Афғонистон ба арзиши 606 миллион доллар ба таври комил таъмин шудааст.
Мушкилоти иқтисодӣ дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани толибон вуҷуд омад. Дар ин кишвар ҳоло фақру бекорӣ бо шуруи фасли сармо дар ҳоли рушд аст.
Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ба бадтарин фоҷеаи башарӣ мунҷар хоҳад шуд.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, дар сурати фурӯпошии низоми бонкии Афғонистон барои бозсозии он даҳсолаҳо лозим хоҳад шуд.
Пеш аз ба қудрат расидани толибон низоми бонкии Афғонистон низ осеб дида буд ва ин вазъ пас аз ба дасти ҷангҷӯён афтидани Кобул ва қатъи кумакҳои хориҷию масдудсозии захираҳои Бонки марказии Амрико шиддат гирифт.
Қаблан Салиби Сурх ва дигар созмонҳои байналмилалӣ камбуди пули нақд дар Афғонистонро як мушкили ҷиддӣ хонда, хостори рафъи он шуда буданд.