https://sputnik.tj/20211124/sjb-favt-avrupo-osiyoi-markazi-hushdor-1043733907.html
СҶБ аз фавти ду миллион нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
СҶБ аз фавти ду миллион нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус ҳоло сабаби асосии марг дар аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Коршиносон се омили асосиро номбар карданд, ки ба паҳншавии босуръати сироят мусоидат мекунад
2021-11-24T14:35+0500
2021-11-24T14:35+0500
2021-11-24T18:32+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
сҷб
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/11/1031191159_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_5165ac9593deb9de212400c78fa2cb6b.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Созмони Ҷаҳони Беҳдошт мегӯяд, то моҳи марти соли оянда дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳтимол беш аз ду миллион нафар фавтад.Тибқи пешгӯиҳои созмон, аз ҳозир то 1 марти соли 2022 дар 25 кишвари минтақа сарбории шадиди бемористонҳо дар назар аст. Теъдоди умумии фавтидагон то баҳори оянда аз 2,2 миллион нафар зиёд мешавад.Дар ҳамин ҳол Хан Клюге намояндаи СҶБ зикр намудааст, ки ваксина ва риояи оддитарин чораҳои беҳдоштӣ, аз қабили пӯшидани ниқобу дастпӯш ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ то андозае садди роҳи паҳншавии коронавирус мешавад.Коршиносони СҶБ аз се омили асосӣ гуфтанд, ки ба паҳншавии босуръати коронавирус мусоидат мекунанд:Дар ҳамин ҳол коршинос ҳушдор медиҳанд, ки вазъи мавҷуд боиси сарбории системаи тандурустӣ мешавад. Онҳо даъват намудаанд, ки ҳарчи бештар мардум бо ваксина таъмин шаванд ва дар муҳлати муайяншуда аз реваксинатсия ҳам гузаранд.
https://sputnik.tj/20211124/margumir-koronavirus-jahon-afzudaast-1043731643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/11/1031191159_216:0:2945:2047_1920x0_80_0_0_d85e8c1578315c20ae8339350ff3913e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб фавт коронавирус
СҶБ аз фавти ду миллион нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳушдор дод
14:35 24.11.2021 (Навсозишуда: 18:32 24.11.2021) Коронавирус сабаби асосии марг дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Коршиносон се омили асосиро номбар карданд, ки ба паҳншавии босуръати он мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Созмони Ҷаҳони Беҳдошт мегӯяд, то моҳи марти соли оянда дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳтимол беш аз ду миллион нафар фавтад.
"Аврупо дар зери пандемия боқӣ мемонад. Ҳафтаи гузашта маргумир дар як рӯз тақрибан ба 4,200 нафар расид, ки ин шумора нисбат ба моҳи сентябр ду баробар афзоиш ёфтааст. Айни замон марг аз коронавирус дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад”, - омадааст дар хабар.
Тибқи пешгӯиҳои созмон, аз ҳозир то 1 марти соли 2022 дар 25 кишвари минтақа сарбории шадиди бемористонҳо дар назар аст. Теъдоди умумии фавтидагон то баҳори оянда аз 2,2 миллион нафар зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҳол Хан Клюге намояндаи СҶБ зикр намудааст, ки ваксина ва риояи оддитарин чораҳои беҳдоштӣ, аз қабили пӯшидани ниқобу дастпӯш ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ то андозае садди роҳи паҳншавии коронавирус мешавад.
Коршиносони СҶБ аз се омили асосӣ гуфтанд, ки ба паҳншавии босуръати коронавирус мусоидат мекунанд:
штамми паҳншуда дар Аврупо "делта", ки хеле зуд интиқол дода мешавад;
сабук кардани чораҳои маҳдудкунанда ва тамоси зичи одамон;
шумораи нокифояи ваксинашудагон.
Дар ҳамин ҳол коршинос ҳушдор медиҳанд, ки вазъи мавҷуд боиси сарбории системаи тандурустӣ мешавад. Онҳо даъват намудаанд, ки ҳарчи бештар мардум бо ваксина таъмин шаванд ва дар муҳлати муайяншуда аз реваксинатсия ҳам гузаранд.