https://sputnik.tj/20211124/margumir-koronavirus-jahon-afzudaast-1043731643.html
Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон то шаш дарсад афзудааст
Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон то шаш дарсад афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Давоми як ҳафтаи охир дар ҷаҳон дасти кам 3,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, беш аз 51 ҳазор нафар фавтидаанд
2021-11-24T13:25+0500
2021-11-24T13:25+0500
2021-11-24T13:25+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103138/71/1031387148_0:429:2879:2048_1920x0_80_0_0_3a7065969dee0f402a180f999bd2c6a4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон афзудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, шумораи сироятҳои нав ва ҳамзамон маргумир дар муқоиса бо ҳафт рӯзи қаблӣ то шаш дарсад афзоиш ёфтааст.Таъкид мешавад, ки дар ҳафт рӯз беш аз 51 ҳазор нафар ҷон бохтааст, ки нисбат ба як ҳафтаи қабл шаш фисад бештар аст. Ин созмон зикр намудааст, ки қариб 67 дарсади сироятҳои нав ба Аврупо рост меоянд.Дар ҳамин ҳол, дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 11 дарсад, баҳри Миёназамини Шарқӣ нуҳ фисад ва Африқо то чаҳор дарсад коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави беморӣ ба қайд гирифта шудааст.Манбаъ меафзояд, фавт дар минтақаи ғарбии уқёнуси Ором (29 фоиз), Амрико (19 фоиз) ва Аврупо (3 фоиз) рӯ ба афзуншавист. СҶБ мегӯяд, аз оғози пандемия то 23 ноябр дар ҷаҳон 257 469 528 ҳолати мубтало ба коронавирус ва 5 158 211 фавт ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз 436 031 нафар афзуда ва 6 433 нафар фавтидааст.
https://sputnik.tj/20211122/faronsa-mavj-panjum-koronavirus-faro-girift-1043686194.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103138/71/1031387148_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_85782cd43d81165762333d06cffa7eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус фавт
Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон то шаш дарсад афзудааст
Давоми як ҳафтаи охир дар ҷаҳон дастикам 3,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, беш аз 51 ҳазор нафар фавтидааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон афзудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, шумораи сироятҳои нав ва ҳамзамон маргумир дар муқоиса бо ҳафт рӯзи қаблӣ то шаш дарсад афзоиш ёфтааст.
Таъкид мешавад, ки дар ҳафт рӯз беш аз 51 ҳазор нафар ҷон бохтааст, ки нисбат ба як ҳафтаи қабл шаш фисад бештар аст.
Ин созмон зикр намудааст, ки қариб 67 дарсади сироятҳои нав ба Аврупо рост меоянд.
"Дар Аврупо 11 фисад афзоиши беморӣ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар хабарномаи ин созмон.
Дар ҳамин ҳол, дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 11 дарсад, баҳри Миёназамини Шарқӣ нуҳ фисад ва Африқо то чаҳор дарсад коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ меафзояд, фавт дар минтақаи ғарбии уқёнуси Ором (29 фоиз), Амрико (19 фоиз) ва Аврупо (3 фоиз) рӯ ба афзуншавист.
СҶБ мегӯяд, аз оғози пандемия то 23 ноябр дар ҷаҳон 257 469 528 ҳолати мубтало ба коронавирус ва 5 158 211 фавт ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз 436 031 нафар афзуда ва 6 433 нафар фавтидааст.