https://sputnik.tj/20211124/sabt-vaksina-koronavirus-kudakon-rusiya-1043741106.html
Сабти ваксинаи зидди коронавирус барои кӯдакон дар Русия
Сабти ваксинаи зидди коронавирус барои кӯдакон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Русия аз сабти ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакҳо хабар дод
2021-11-24T19:35+0500
2021-11-24T19:35+0500
2021-11-24T20:33+0500
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
кӯдакон
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043546175_0:104:3273:1945_1920x0_80_0_0_7bf0707a5705e2561851000fab17a798.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Русия ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони аз 12 то 17-соларо рӯзи чоршанбеи 24 ноябр ба қайд мегирад, изҳор дошт ноиби сарвазир, Татяна Голикова. "Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ваксина сабт мешавад. "Гам-КОВИД-Вак-М"-и Маркази Гамалея барои кӯдакони аз 12 то 17-сола пешбинӣ гардидааст", - таъкид намуд Голикова дар ҷаласа бо ҳузури раисҷумҳури Русия Владимир Путин. Ноиби сарвазир тавзеҳ дод, ки ваксина бо розигии волидон ё худи ноболиғ, агар аз 15 сол бештар дошта бошад, гузаронда мешавад. Ин дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд, ҷараёни беморӣ дар кӯдакон вазнин мегузарад. Барои пешгирии мушкилот,табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдакон ваксина гиранд, аз ҷумла ваксинаи зидди зуком, ки баданро ба дигар бемориҳо тобовартар мекунад. Ахиран аз қавли муовини сардухтури беморхонаи кӯдаконаи вилояти Қӯрғон Светлана Ларионова хабар дода шуд, ки аломатҳои нави коронавирус дар кӯдакон аз алоими қаблӣ фарқ мекунанд. Дар феҳрасти аломатҳои гирифторӣ, аз ҷумла доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо, дарди шикам, сулфа, ҳарорати баланд зикр шудаанд.
https://sputnik.tj/20211124/sjb-favt-avrupo-osiyoi-markazi-hushdor-1043733907.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043546175_271:0:3002:2048_1920x0_80_0_0_351c3f2eeb9a6b8b7fa3de46cdc35b10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати тандурустӣ, ваксина, коронавирус, кӯдак,
вазорати тандурустӣ, ваксина, коронавирус, кӯдак,
Сабти ваксинаи зидди коронавирус барои кӯдакон дар Русия
19:35 24.11.2021 (Навсозишуда: 20:33 24.11.2021) Вазорати тандурустии Русия аз сабти ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакҳо хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Русия ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони аз 12 то 17-соларо рӯзи чоршанбеи 24 ноябр ба қайд мегирад, изҳор дошт ноиби сарвазир, Татяна Голикова.
"Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ваксина сабт мешавад. "Гам-КОВИД-Вак-М"-и Маркази Гамалея барои кӯдакони аз 12 то 17-сола пешбинӣ гардидааст", - таъкид намуд Голикова дар ҷаласа бо ҳузури раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
Ноиби сарвазир тавзеҳ дод, ки ваксина бо розигии волидон ё худи ноболиғ, агар аз 15 сол бештар дошта бошад, гузаронда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд, ҷараёни беморӣ дар кӯдакон вазнин мегузарад. Барои пешгирии мушкилот,табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдакон ваксина гиранд, аз ҷумла ваксинаи зидди зуком, ки баданро ба дигар бемориҳо тобовартар мекунад.
Ахиран аз қавли муовини сардухтури беморхонаи кӯдаконаи вилояти Қӯрғон Светлана Ларионова хабар дода шуд, ки аломатҳои нави коронавирус дар кӯдакон аз алоими қаблӣ фарқ мекунанд.
"Синдроми илтиҳоби бисёрнизома пайдо шудааст, ки қаблан вуҷуд надошт. Ин пайдошавии доғ дар заминаи табларзаи баланд аст. Ин ба гастроэнтерит шабоҳат дорад", - гуфтаст Ларионова.
Дар феҳрасти аломатҳои гирифторӣ, аз ҷумла доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо, дарди шикам, сулфа, ҳарорати баланд зикр шудаанд.