https://sputnik.tj/20211122/faronsa-mavj-panjum-koronavirus-faro-girift-1043686194.html
Фаронсаро мавҷи панҷуми коронавирус фаро гирифт
Фаронсаро мавҷи панҷуми коронавирус фаро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Фаронса афзоиши якборагии беморони гирифтори коронавирусро қайд карда, эътироф мекунанд, ки мавҷи панҷуми эпидемия дар ин кишвар оғоз шудааст
2021-11-22T13:55+0500
2021-11-22T13:55+0500
2021-11-22T20:05+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
фаронса
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032897053_0:141:3141:1908_1920x0_80_0_0_5a321e49735314ad613e85e0e6d6f373.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Фаронса мавҷи панҷуми коронавирус шуруъ шудааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе намояндаи расмии Ҳукумати Фаронса Габриэл Аттал дар пахши мустақими радиои "Europe 1" хабар дод. Вай қайд кард, ки Фаронса назар ба кишварҳои ҳамсоя каме барвақттар маъракаи дубора моякӯбии аҳолиро оғоз кард, сарфи назар аз он ки дар ин кишвар фоизи хеле зиёди аҳолӣ аз коронавирус ваксина карда шудаанд. Аттал гуфт, мақомот риояи меъёрҳои беҳдоштиро воситаи асосии пешгирии пандемия медонанд ва қайд кард, ки ба шарофати ӯ то ҳол дар кишвар маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ нашудааст. Тибқи маълумоти охирини мақомот, дар Фаронса дар як рӯзи гузашта 22,6 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст, дар ҳоле ки аз оғози эпидемия дастикам 7,4 миллион нафар ба ин дард гирифтор шудааст.Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Фаронса, беш аз 51 миллион нафар ҳадди аққал як ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст, ки 50 миллион нафари онҳо низ бо ҳар ду воя таъмин гардиданд.
https://sputnik.tj/20211122/payomadho-nav-koronavirus-tabibon-hayrat-ovard-1043682280.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032897053_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_c1e0100a9c0c42b7ef993c3bfa91d810.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаронса коронавирус
Фаронсаро мавҷи панҷуми коронавирус фаро гирифт
13:55 22.11.2021 (Навсозишуда: 20:05 22.11.2021) Мақомоти Фаронса афзоиши якборагии гирифторони коронавирусро сабт карда, эътироф мекунанд, ки мавҷи панҷуми эпидемия дар ин кишвар оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Фаронса мавҷи панҷуми коронавирус шуруъ шудааст. Дар ин бора рӯзи якшанбе намояндаи расмии Ҳукумати Фаронса Габриэл Аттал дар пахши мустақими радиои "Europe 1" хабар дод.
"Ҳоло мо дар гирдоби мавҷи панҷум қарор дорем. Метавонем бигӯем, ки он босуръат оғоз мешавад. Дар давоми як ҳафта шумораи ҳодисаҳои нав 80% афзоиш ёфта, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 17 ҳазор мавриди беморӣ сабт мешавад", - афзуд ӯ.
Вай қайд кард, ки Фаронса назар ба кишварҳои ҳамсоя каме барвақттар маъракаи дубора моякӯбии аҳолиро оғоз кард, сарфи назар аз он ки дар ин кишвар фоизи хеле зиёди аҳолӣ аз коронавирус ваксина карда шудаанд.
Аттал гуфт, мақомот риояи меъёрҳои беҳдоштиро воситаи асосии пешгирии пандемия медонанд ва қайд кард, ки ба шарофати ӯ то ҳол дар кишвар маҳдудиятҳои сахттар ҷорӣ нашудааст.
Тибқи маълумоти охирини мақомот, дар Фаронса дар як рӯзи гузашта 22,6 ҳазор ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст, дар ҳоле ки аз оғози эпидемия дастикам 7,4 миллион нафар ба ин дард гирифтор шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Фаронса, беш аз 51 миллион нафар ҳадди аққал як ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст, ки 50 миллион нафари онҳо низ бо ҳар ду воя таъмин гардиданд.