https://sputnik.tj/20211124/koronavirus-rusiya-balandtarin-had-merasad-1043735414.html
Маълум гардид, кай коронавирус дар Русия ба баландтарин ҳад мерасад
Маълум гардид, кай коронавирус дар Русия ба баландтарин ҳад мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Алгоритми ҳисоб кардани афзоиши беморӣ вазъи коронавирусро на танҳо дар русия, балки дар хориҷи кишвар низ дарбар мегирад
2021-11-24T15:50+0500
2021-11-24T15:50+0500
2021-11-24T19:24+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
илм ва фанноварӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043211565_0:145:3125:1903_1920x0_80_0_0_2701401a08ac4bc61250440a23fefe06.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Сколково кори шабакаҳои нейронро барои ҳисоб кардани рушди эҳтимолии вазъ бо COVID-19 озмоиш кард. Гуфта мешавад, авҷи коронавирус, тибқи маълумоти пешакӣ, ба рӯзи 22-юми декабр рост меояд ва пас аз он шумораи ҳаррӯзаи беморон коҳиш меёбад.Эҳтимолияти ҳисоб кардани авҷи гирифторӣ ба COVID-19 93 фисад буд. Коршиносон тавзеҳ доданд, ки маълумот метавонад тағйир ёбад ва авҷи беморӣ барвақттар ба амал ояд.Олег Кивокуртсев, мудири созмони "Промобот" ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки дар таҳқиқот таҳиягарон аз таснифоти бисёрсинфӣ дар асоси омезиши шабакаҳои нейронии гуногун истифода карданд.Коршинос инчунин гуфт, ки алгоритмҳо чӣ гуна танзим карда шудаанд. Маълумоти асосӣ барои шабакаҳои нейронӣ омор дар бораи афзоиш ва коҳиши мизони сирояти коронавирус дар Русия ва дигар кишварҳо, инчунин сатҳи эмкунӣ буд.Тибқи маълумоти СҶБ , аз оғози пандемия то 23 ноябр дар ҷаҳон 257 469 528 ҳолати мубтало ба коронавирус ва 5 158 211 фавт ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз ба 436 031 нафар афзуда ва 6 433 нафар фавтидааст.
https://sputnik.tj/20211124/sjb-favt-avrupo-osiyoi-markazi-hushdor-1043733907.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043211565_198:0:2927:2047_1920x0_80_0_0_18b0e22f4e51753e40df3bf5df362e0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус
Маълум гардид, кай коронавирус дар Русия ба баландтарин ҳад мерасад
15:50 24.11.2021 (Навсозишуда: 19:24 24.11.2021) Алгоритми афзоиши беморӣ вазъи коронавирусро на танҳо дар Русия, балки дар хориҷи кишвар низ дарбар мегирад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Сколково кори шабакаҳои нейронро барои ҳисоб кардани рушди эҳтимолии вазъ бо COVID-19 озмоиш кард.
Гуфта мешавад, авҷи коронавирус, тибқи маълумоти пешакӣ, ба рӯзи 22-юми декабр рост меояд ва пас аз он шумораи ҳаррӯзаи беморон коҳиш меёбад.
Эҳтимолияти ҳисоб кардани авҷи гирифторӣ ба COVID-19 93 фисад буд. Коршиносон тавзеҳ доданд, ки маълумот метавонад тағйир ёбад ва авҷи беморӣ барвақттар ба амал ояд.
Олег Кивокуртсев, мудири созмони "Промобот" ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки дар таҳқиқот таҳиягарон аз таснифоти бисёрсинфӣ дар асоси омезиши шабакаҳои нейронии гуногун истифода карданд.
Коршинос инчунин гуфт, ки алгоритмҳо чӣ гуна танзим карда шудаанд. Маълумоти асосӣ барои шабакаҳои нейронӣ омор дар бораи афзоиш ва коҳиши мизони сирояти коронавирус дар Русия ва дигар кишварҳо, инчунин сатҳи эмкунӣ буд.
Тибқи маълумоти СҶБ , аз оғози пандемия то 23 ноябр дар ҷаҳон 257 469 528 ҳолати мубтало ба коронавирус ва 5 158 211 фавт ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз ба 436 031 нафар афзуда ва 6 433 нафар фавтидааст.