https://sputnik.tj/20211124/interpol-paydo-jinoyatkoron-tojikiston-kumak-1043733350.html
"Интерпол" барои пайдо кардани ҷинояткорони байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад
"Интерпол" барои пайдо кардани ҷинояткорони байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иҷлосияи 89-уми Маҷмаи умумии Интерпол дар Туркия иштирок мекунанд
2021-11-24T14:15+0500
2021-11-24T14:15+0500
2021-11-24T14:20+0500
туркия
вкд
интерпол
ҳамкорӣ
ҷустуҷӯ
ҷинояткорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102108/99/1021089940_0:336:3501:2305_1920x0_80_0_0_a089445cd527c2921b44210049b8841a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар чорчӯби иҷлосияи 89-уми Маҷмаи умумии "Интерпол" тавсеаи ҳамкорӣ бо ин созмонро баррасӣ мекунад, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.Нишасти давлатҳо дар Истанбул 23 ноябр ба кори худ шуруъ карда, то 25 ҳамин моҳ идома хоҳад кард. Ҳайати Тоҷикистонро дар Туркия сардори Бюрои миллии Марказии "Интерпол"-и ВКД-и Тоҷикистон, полковники милитсия Шаҳриёр Назриев намояндагӣ мекунад. Тоҷикистон ва "Интерпол" дар чорчӯби иҷлоси Маҷмаи кулли ин ниҳод масъалаҳои таҳкими нерӯи пулиси байналмилалӣ дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва мубориза бо ҷиноятҳои сайбериро баррасӣ хоҳанд кард. Илова бар ин муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва суботи минтақа аз масоили дигари мавриди баррасӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки "Интерпол" соли 1923 таъсис ёфтааст. Аз соли 1956 инҷониб Созмони Байналмилалии Пулиси Ҷиноӣ номида мешавад. Идораи марказии он дар Лиони Фаронса ҷойгир аст. Бюрои марказии миллии "Интерпол" дар Тоҷикистон 5 октябри соли 2004 бар асоси салоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ барои узвият дар Созмони Байналмилалии Пулиси Ҷиноӣ таъсис ёфтааст. Интерпол шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд боздошт кардВазифаи асосии "Интерпол" муттаҳид кардани талошҳои ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узв дар мубориза бо ҷиноятҳо мебошад. Инчунин ҳамоҳангсозии ҷустуҷӯҳои байналмилалӣ, мубориза бар зидди қочоқи инсон, ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои иқтисодӣ, технологӣ ва қаллобӣ бо коғазҳои қиматнок низ аз вазифаҳои дигари ин созмони мебошанд.
https://sputnik.tj/20210602/rahimzoda-eron-bozdosht-jinoyatkoron-interpol-1039916396.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102108/99/1021089940_0:0:3073:2305_1920x0_80_0_0_4d08829b7b8db8735bfa87d7badf800a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, интерпол, кумак, тоҷикистон
боздошт, интерпол, кумак, тоҷикистон
"Интерпол" барои пайдо кардани ҷинояткорони байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад
14:15 24.11.2021 (Навсозишуда: 14:20 24.11.2021) Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иҷлосияи 89-уми Маҷмаи умумии "Интерпол" дар Туркия ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар чорчӯби иҷлосияи 89-уми Маҷмаи умумии "Интерпол" тавсеаи ҳамкорӣ бо ин созмонро баррасӣ мекунад, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.
Нишасти давлатҳо дар Истанбул 23 ноябр ба кори худ шуруъ карда, то 25 ҳамин моҳ идома хоҳад кард.
Ҳайати Тоҷикистонро дар Туркия сардори Бюрои миллии Марказии "Интерпол"-и ВКД-и Тоҷикистон, полковники милитсия Шаҳриёр Назриев намояндагӣ мекунад.
Тоҷикистон ва "Интерпол" дар чорчӯби иҷлоси Маҷмаи кулли ин ниҳод масъалаҳои таҳкими нерӯи пулиси байналмилалӣ дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва мубориза бо ҷиноятҳои сайбериро баррасӣ хоҳанд кард.
Илова бар ин муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва суботи минтақа аз масоили дигари мавриди баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки "Интерпол" соли 1923 таъсис ёфтааст. Аз соли 1956 инҷониб Созмони Байналмилалии Пулиси Ҷиноӣ номида мешавад.
Идораи марказии он дар Лиони Фаронса ҷойгир аст. Бюрои марказии миллии "Интерпол" дар Тоҷикистон 5 октябри соли 2004 бар асоси салоҳияти Вазорати корҳои дохилӣ барои узвият дар Созмони Байналмилалии Пулиси Ҷиноӣ таъсис ёфтааст.
Вазифаи асосии "Интерпол" муттаҳид кардани талошҳои ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узв дар мубориза бо ҷиноятҳо мебошад.
Инчунин ҳамоҳангсозии ҷустуҷӯҳои байналмилалӣ, мубориза бар зидди қочоқи инсон, ҷиноятҳои муташаккил, ҷиноятҳои иқтисодӣ, технологӣ ва қаллобӣ бо коғазҳои қиматнок низ аз вазифаҳои дигари ин созмони мебошанд.