https://sputnik.tj/20210602/rahimzoda-eron-bozdosht-jinoyatkoron-interpol-1039916396.html
Раҳимзода бо Эрон боздошти ҷинояткорон тариқи “Интерпол”-ро ба миён гузошт - акс
Раҳимзода бо Эрон боздошти ҷинояткорон тариқи “Интерпол”-ро ба миён гузошт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрони Эрон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Маркази полиси Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ баргузор гардид
2021-06-02T16:25+0500
2021-06-02T16:25+0500
2021-06-02T16:27+0500
дар тоҷикистон
эрон
интерпол
боздошт
ҳамкорӣ
ҷинояткорон
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039916263_0:46:810:502_1920x0_80_0_0_1c515fc858a5bee2754ff5e64b8634a2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Зикр шудааст, ки дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии “Интерпол” ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал Раҳимзода Рамазон аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон шиносоӣ пайдо карда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ дидан кард.Манбаъ қайд кардааст, ки Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мекунанд.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039916263_40:0:771:548_1920x0_80_0_0_7f28891faaed6b2c632d5903b87a0c6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, мулоқот, боздошт, ҷинояткор, рамазон раҳимзода
тоҷикистон, эрон, мулоқот, боздошт, ҷинояткор, рамазон раҳимзода
Раҳимзода бо Эрон боздошти ҷинояткорон тариқи “Интерпол”-ро ба миён гузошт - акс
16:25 02.06.2021 (Навсозишуда: 16:27 02.06.2021) Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрони Эрон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сардори Маркази полиси Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
"Дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии “Интерпол” ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал Раҳимзода Рамазон аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон шиносоӣ пайдо карда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ дидан кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мекунанд.