https://sputnik.tj/20211124/idomai-kumaki-rusiya-tojikiston-muboriza-qochoqi-mavodi-mukhaddir-1043745394.html
Идомаи кумаки Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир
Идомаи кумаки Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир
Sputnik Тоҷикистон
Русия тасмим дорад ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир идома диҳад
2021-11-24T20:40+0500
2021-11-24T20:40+0500
2021-11-24T20:46+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
мубориза
маводи мухаддир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102817/47/1028174721_0:169:3037:1877_1920x0_80_0_0_713970318b481c1c23d4b7945fb03c9a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Владимир Тарабрин, сардори Раёсати чолишҳо ва таҳдидҳои нави Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, кӯмаки ин кишвар ба Осиёи Марказӣ дар таҳкими кадрҳои мақомоти салоҳиятдоре, ки бо қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд, таъсири худро собит кард ва ин раванд идома хоҳад ёфт.Рӯзи чаҳоршанбе дар Тошканд дафтари СММ дар умури қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барномаи нави ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025-ро бо вазоратҳои хориҷаи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро имзо кард.Бояд гуфт, Русия яке аз донорҳои ин барнома мебошад.Дипломати рус қайд кард, ки созишномаи нав афзалиятҳои асосии кумаки Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳор соли оянда дар чаҳорчӯби кумакҳои донории СММ-ро инъикос мекунад."Кишварҳои моро ба таври анъанавӣ чолишҳо ва таҳдидҳои муштараки амниятӣ муттаҳид мекунанд, ки тақвияти ҳамоҳангшударо талаб менамоянд", гуфт Тарабрин.Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири ҳероин аз Афғонистон, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири синтетикӣ, инчунин бастани роҳҳои таъмини созмонҳои террористӣ бо силоҳ ва мол меравад."Яке аз самти муҳими кумаки техникӣ таҳияи амалҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас мебошад", - илова кард Тарабрин.Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши ҷавонони минтақа, ки имрӯзҳо дар Самарқанд бо кумаки Русия ҷараён дорад, маҳз бо ҳамин ҳадаф аст.
https://sputnik.tj/20211118/rusiya-terrorizm-mavod-mukhaddir-afghoniston-1043611278.html
https://sputnik.tj/20211027/ishorai-patrushev-muhojironi-tojik-qochoqi-mavodi-mukhaddir-1043130697.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102817/47/1028174721_154:0:2883:2047_1920x0_80_0_0_5e0416fc4df1d9781af0cf49dcfb1c3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, маводи мухаддиир, смм, мубориза, қочоқ
тоҷикистон, русия, маводи мухаддиир, смм, мубориза, қочоқ
Идомаи кумаки Русия ба Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир
20:40 24.11.2021 (Навсозишуда: 20:46 24.11.2021) Русия тасмим дорад, ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар робита ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир идома диҳад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Владимир Тарабрин, сардори Раёсати чолишҳо ва таҳдидҳои нави Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, кӯмаки ин кишвар ба Осиёи Марказӣ дар таҳкими кадрҳои мақомоти салоҳиятдоре, ки бо қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд, таъсири худро собит кард ва ин раванд идома хоҳад ёфт.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Тошканд дафтари СММ дар умури қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барномаи нави ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025-ро бо вазоратҳои хориҷаи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро имзо кард.
Бояд гуфт, Русия яке аз донорҳои ин барнома мебошад.
"Русия ҳадафи идомаи тасбити муассирии лоиҳаҳои худ дар бораи зарфиятҳои ниҳодҳои кишваршҳои Осиёи Марказӣ ва омӯзиши кадрҳои зидди қочоқи маводи мухаддир дар муассисаҳои омӯзишии ин кишварро дорад”, - гуфт Тарабрин ҳангоми имзои созишнома.
Дипломати рус қайд кард, ки созишномаи нав афзалиятҳои асосии кумаки Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳор соли оянда дар чаҳорчӯби кумакҳои донории СММ-ро инъикос мекунад.
"Кишварҳои моро ба таври анъанавӣ чолишҳо ва таҳдидҳои муштараки амниятӣ муттаҳид мекунанд, ки тақвияти ҳамоҳангшударо талаб менамоянд", гуфт Тарабрин.
Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири ҳероин аз Афғонистон, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири синтетикӣ, инчунин бастани роҳҳои таъмини созмонҳои террористӣ бо силоҳ ва мол меравад.
"Яке аз самти муҳими кумаки техникӣ таҳияи амалҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас мебошад", - илова кард Тарабрин.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамоиши ҷавонони минтақа, ки имрӯзҳо дар Самарқанд бо кумаки Русия ҷараён дорад, маҳз бо ҳамин ҳадаф аст.