Деҳае орӣ аз ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

© Хадамоти матбуотии ВКД ТоҷикистонМардуми деҳаи Гулистони шаҳри Ҳисор
Мардуми деҳаи Гулистони шаҳри Ҳисор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Мардуми як деҳаи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ягон кори бад даст назадаанд
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо мардуми деҳоте дидору вохӯрӣ карданд, ки дар он ягон ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи гузориши ВКД, кормандони ин ниҳод ба деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор сафар карда, бо мардуми ин ҷо мулоқот кардаанд.
Гулистон деҳае аст, ки дар он ягон ҳолати ҷинояткорӣ сабт нашудааст.

"Дар деҳаи Гулистон аз тарафи кормандони мақомоти милитсия нисбати шаҳрвандони деҳа ягон ҷиноят ва ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабар.

Вохӯрии ҳайати нуқтаи сайёри милитсия бо 55 нафар сокинони деҳа дар толори мактаби 46-и деҳаи номбурда баргузор гардид.
Дар ин суҳбат ба иштироккунандагон шумораи телефонҳои боварии вазири корҳои дохилӣ (221-21-21), ШВКД ва нозири минтақавии милитсия расонида шуд.
Нозири минтақаии милитсия, подполковник Ғафурзода Диловар дар масоили вазъи ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он ҳисобот дод.
Зимни суҳбат мандум ба ҳайати нуқтаи сайёри милитсия як қатор пешниҳодҳоро иброз намуданд.
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Аз хушунат то қатлу куштор: дар Суғд ҷинояткорӣ алайҳи занон бештар шудааст
Ҳамзамон аз тарафи ҳайати мазкур аз тариқи хаттӣ аризаи шаҳрванд Раҳмонова Санобар Холиқуловна, нисбати Ибрагимов Шералӣ ба қайд гирифта шуда, ҷиҳати баррасӣ ба роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Ҳисор супорида шуд.
Деҳаи Гулистон соли 1962 ташкил шудаааст. Ин деҳа ҳаммарз бо Ӯзбекистон буда, дар масофаи 2,5-километрӣ аз марз ҷой гирифтааст.
ВМКБ аз нигоҳи сабти ҷинояткорӣ рекорд гузошт
Гулистон аз маркази шаҳри Ҳисор 54 километр дуртар ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа 141 хоҷагӣ ва 905 нафар ба сар мебарад.
Аҳолии деҳаро шаҳрвандони Ӯзбекзабон ташкил дода, зиндагии хешро асосан аз ҳисоби чорводорӣ ва кишоварзӣ пеш мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0