https://sputnik.tj/20211028/khushunat-kushtor-sughd-jinoyat-beshtar-1043147406.html
Аз хушунат то қатлу куштор: дар Суғд ҷинояткорӣ алайҳи занон бештар шудааст
Аз хушунат то қатлу куштор: дар Суғд ҷинояткорӣ алайҳи занон бештар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Аз омори ҷиноятҳои содиршудаи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Суғд бармеояд, ки дар бештар аз 22 дарсад занон мавриди азияту озордиҳӣ ва ҳатто ғоратгариву қатлу куштор қарор гирифтаанд
2021-10-28T17:00+0500
2021-10-28T17:00+0500
2021-10-28T20:58+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
куштор
қатл
хушунат
занон ва мардон
сатҳи ҷинояткорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/20/1029362084_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_d1cfa03ebd85dbb3d5063d9209ec2b84.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Бар пояи иттилои маъмурони РВКД дар вилояти Суғд тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4412 ҷиноят сабт шудааст. Аз ин шумор 1002 маврид ва ё 22,7 дарсад аз маҷмӯи ҷиноятҳо алайҳи занон содир шудааст. Абдурофеъ Абдуназаров, сардори шуъбаи тартиботи ҳифзи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд зимни баргузории як ҷаласа дар Хуҷанд, ки дар он мавзӯи пешгирии хушунат матраҳ буд, бо ироаи ин рақам вазъро ташвишовар арзёбӣ намуд. Ин корманди РВКД дар Суғд гуфт, дар ин давра ҳамчунин баъзе аз занон низ ҷиноят содир кардаанд. Бино ба иттилои Абдуназаров, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 678 ҷиноят аз ҷониби занон содир шуда, ки 15,3 дарсади ҷамъи ҷиноятҳоро дар бар мегирад. Масъулони бахши кор бо занон иброз намуданд, ки вақтҳои охир хушунат нисбати занон дар хонаводаҳо рӯ ба афзоиш аст. Хуршеда Хоҷазода, сардори бахши кор бо занон дар ҳукумати Суғд хушунати хонаводагиро зуҳуроте номид, ки аксари вақт ба вайроншавии муносибати фард, оила ва ҷомеа боис мегардад. Бино ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, дар ин давра 1170 аризаву шикоят дар бораи баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Суғд ворид шудааст. Аз ин теъдод 1035 мавриди шикоят ба ҷанҷоли байни зану шавҳар ва 135 муроҷиати дигар дар хусуси муноқишаи байни келину хушдоман будааст. Парлумони Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро тасвиб карда буд.
https://sputnik.tj/20211004/marde-khujand-hamsar-dukhtar-kord-1042634864.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/20/1029362084_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_a672615290afab2e5d3e50129e5bfb2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хушунат қатл куштор суғд ҷинояткорӣ занон
хушунат қатл куштор суғд ҷинояткорӣ занон
Аз хушунат то қатлу куштор: дар Суғд ҷинояткорӣ алайҳи занон бештар шудааст
17:00 28.10.2021 (Навсозишуда: 20:58 28.10.2021) Аз омори ҷиноятҳои содиршудаи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Суғд бармеояд, ки бештар аз 22 дарсади ин ҷиноётро азияту озор ва ҳатто ғорату куштори занон ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Бар пояи иттилои маъмурони РВКД дар вилояти Суғд тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4412 ҷиноят сабт шудааст. Аз ин шумор 1002 маврид ва ё 22,7 дарсад аз маҷмӯи ҷиноятҳо алайҳи занон содир шудааст.
Абдурофеъ Абдуназаров, сардори шуъбаи тартиботи ҳифзи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд зимни баргузории як ҷаласа дар Хуҷанд, ки дар он мавзӯи пешгирии хушунат матраҳ буд, бо ироаи ин рақам вазъро ташвишовар арзёбӣ намуд.
“Дар ин давра бар асари одамкушӣ, ба худкушӣ расонидан, таҷовуз ба номус, ғорат, ҷалби одамон ба истисмор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, харидуфурӯши одамон, роҳзанӣ, тамаъҷӯи, авбошӣ ва дар дигар намуди ҷиноятҳо ҳуқуқу манфиятҳои занон поймол гардидааст”, - гуфт Абдуназаров.
Ин корманди РВКД дар Суғд гуфт, дар ин давра ҳамчунин баъзе аз занон низ ҷиноят содир кардаанд. Бино ба иттилои Абдуназаров, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 678 ҷиноят аз ҷониби занон содир шуда, ки 15,3 дарсади ҷамъи ҷиноятҳоро дар бар мегирад.
Масъулони бахши кор бо занон иброз намуданд, ки вақтҳои охир хушунат нисбати занон дар хонаводаҳо рӯ ба афзоиш аст.
Хуршеда Хоҷазода, сардори бахши кор бо занон дар ҳукумати Суғд хушунати хонаводагиро зуҳуроте номид, ки аксари вақт ба вайроншавии муносибати фард, оила ва ҷомеа боис мегардад.
Бино ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, дар ин давра 1170 аризаву шикоят дар бораи баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Суғд ворид шудааст.
Аз ин теъдод 1035 мавриди шикоят ба ҷанҷоли байни зану шавҳар ва 135 муроҷиати дигар дар хусуси муноқишаи байни келину хушдоман будааст.
Парлумони Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро тасвиб карда буд.