Боз сарусадо дар бораи Ворух: Кӯктош дар китоби дарсии қирғизӣ аз Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном
Ситуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Боз як "хато"-и марзии Қирғизистон дар соҳаи маориф рух дод: волидон дар дафтарчаи корӣ харитаи "нодуруст" пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар бахши қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ боз як ҷанҷол дар атрофи масъалаи марз бо Тоҷикистон сар зад. Корбарон дар интернет аксҳои китоби дарсиеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, дар он Ворух "анклав" нишон дода нашудааст.
Аммо деҳаҳои қирғизии Оқсой ва Кӯктош "ба ҳайати Тоҷикистон дохил шудаанд".
Вазорати маорифи Қирғизистон гуфтааст, ки китоби дарсӣ соли 2014 нашр шуда, дафтари корӣ барои солҳои 2018-2019 таҳия шудааст.
Ин ниҳод афзуд, танҳо дар соли 2020 назорати сифати маводи таълимӣ пурзӯр карда шудааст.
Вазорат инчунин ба баррасии дубораи харитаҳои китобҳои дарсии мавҷуд шуруъ кардааст.
Ёдовар мешавем, қаблан як иттифоқи дигаре низ дар робита ба харитаи Қирғизистон, ки ба марзи Тоҷикистону ин кишвар муртабит буд, ба вуҷуд омад.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Дафтари раисҷумҳур "иштибоҳ" кард: Ҷанҷол дар Қирғизистон бар сари харитаи Ворух
Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони додситонӣ зимни суханронии раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов харитае, ки пушти сари ӯ буд, мавриди бархӯрди иддае қарор гирифт.
Додситонии ин кишвар онро ба иштибоҳи як ширкати хусусӣ, оне ки ба нашри харита муваззаф буд, рабт дод, ҳол он ки дар харита ҳич хатое содир нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0