https://sputnik.tj/20211123/vakolatho-nazarboev-toqaev-1043715582.html
Раёсати ҲНО аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад
Раёсати ҲНО аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Салоҳияти раиси ҳизби “Нур Отан” аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад
2021-11-23T16:23+0500
2021-11-23T16:23+0500
2021-11-23T18:21+0500
қазоқистон
масъулият
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
нурсултон назарбоев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102852/00/1028520074_0:0:1195:673_1920x0_80_0_0_5b4d0631a777c0720dead2e5021de2b6.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Ҳизби Нур Отан (Ҳизби Нури Ватан)-ро, ки то кунун Нурсултон Назарбоев раисӣ мекард, раҳбарӣ мекунад. Дар ин бора дар пайи ҷаласаи васеи шӯрои сиёсии ин ҳизб иттилооте расонаӣ шуд. Вай афзуд, ки тартиби интиқоли маснади раисӣ тибқи оинномаи ҳизб сурат хоҳад гирифт. Тибқи оиннома интихоб ва озод кардани раиси ҳизб ҳаққи истисноии анҷумани он аст. Ҳизби Нури Ватан ҳизби пешбари сиёсии Қазоқистон аст, ки соли 1999 таъсис ёфта, солҳои тӯлонӣ таҳти раҳбарии Нурсултон Назарбоев арзи ҳастӣ кардааст. Тавре дар торномаи ҳизб қайд шудааст, Ҳизби Нур Отан ташаббускор ва барандаи асосии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ дар ин кишвар мебошад. Ёдрас мешавем, ки президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 19 марти соли 2019 зимни муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвар аз раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар истеъфо дод.Он замон ӯ гуфт, ки бо истеъфо аз маснади президентӣ ба унвони раҳбари Ҳизби Нур Отан ва аъзои Шӯрои конститутсионӣ боқӣ мемонад.Пешсафии ҳизби “Нур Отан”-и Назарбоев дар интихоботи парлумонии ҚазоқистонДар баробари ин Назарбоев то чанд вақти пеш вазифаи раиси Маҷмаи мардумии Қазоқистон буд.28 апрели соли 2021 маълум шуд, ки Назарбоев раисии Маҷмаи мардумии Қазоқистонро низ тарк мекунад.
https://sputnik.tj/20210820/nazarboev-payvastan-tojikiston-uzbekiston-ittihodi-iqtisodii-avrosiyo-1041804827.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102852/00/1028520074_71:0:1052:736_1920x0_80_0_0_7de5250d54116790b90e2c223deb8584.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нурсултон назарбоев, тоқаев, ҷаласа, салоҳият
нурсултон назарбоев, тоқаев, ҷаласа, салоҳият
Раёсати ҲНО аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад
16:23 23.11.2021 (Навсозишуда: 18:21 23.11.2021) Раёсати Ҳизби Нур Отан аз Назарбоев ба Тоқаев мегузарад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Ҳизби Нур Отан (Ҳизби Нури Ватан)-ро, ки то кунун Нурсултон Назарбоев раисӣ мекард, раҳбарӣ мекунад.
Дар ин бора дар пайи ҷаласаи васеи шӯрои сиёсии ин ҳизб иттилооте расонаӣ шуд.
"Дар ҷаласаи васеи Шӯрои сиёсӣ Нурсултон Назарбоев бо таъкид ба он ки ҳизбро бояд раисҷумҳури кишвар раҳбарӣ намоянд, тасмим гирифт, ки салоҳиятҳои раиси Ҳизби Нур Отанро ба уҳдаи кишвардори кунунӣ вогузор кунад ", - гуфт котиби матбуотии ӯ Айдос Укибой.
Вай афзуд, ки тартиби интиқоли маснади раисӣ тибқи оинномаи ҳизб сурат хоҳад гирифт. Тибқи оиннома интихоб ва озод кардани раиси ҳизб ҳаққи истисноии анҷумани он аст.
Ҳизби Нури Ватан ҳизби пешбари сиёсии Қазоқистон аст, ки соли 1999 таъсис ёфта, солҳои тӯлонӣ таҳти раҳбарии Нурсултон Назарбоев арзи ҳастӣ кардааст.
Тавре дар торномаи ҳизб қайд шудааст, Ҳизби Нур Отан ташаббускор ва барандаи асосии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ дар ин кишвар мебошад.
Ёдрас мешавем, ки президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 19 марти соли 2019 зимни муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвар аз
раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар истеъфо дод.
Он замон ӯ гуфт, ки бо истеъфо аз маснади президентӣ ба унвони раҳбари Ҳизби Нур Отан ва аъзои Шӯрои конститутсионӣ боқӣ мемонад.
Дар баробари ин Назарбоев то чанд вақти пеш вазифаи раиси Маҷмаи мардумии Қазоқистон буд.
28 апрели соли 2021 маълум шуд, ки Назарбоев раисии Маҷмаи мардумии Қазоқистонро низ тарк мекунад.