https://sputnik.tj/20211123/smm-panohjuyon-afghon-tojikistonro-1043714597.html
СММ шумораи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро эълон кард
СММ шумораи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистонро, ки ба таври қонунӣ ба ин кишвар омадаанд, эълон кард
2021-11-23T15:36+0500
2021-11-23T15:36+0500
2021-11-23T17:27+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
смм
гурезагон
паноҳандагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/56/1031165600_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_f4866fd74704ec098ef57e21f6c950c6.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар пайи дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҳастанд. Дар ин бора намояндаи минтақавии комиссари олии осиёимарказии СММ Ҳанс Фридрих Шоддер хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, нисфи гурезагон аз ин теъдод дар соли 2020 ва қисме соли ҷорӣ, ҳатто қабл аз бастани расмии марзҳо бо Афғонистон ба ҷумҳурӣ омадаанд.Шоддер таъкид кард, ки якҷоя бо дигар ташкилотҳо ба гурезаҳои афғонистонӣ дар ҷиҳати дастрасӣ ба таълим ва кор ёрӣ мерасонанд.Дар ҳамин ҳол қаблан дафтари Комиссариати олӣ дар умури паноҳандгони СММ дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 14 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебарад. Дар робита ба ин Тоҷикистон ва Комиссариати олии СММ аллакай иқдомоте дар ҷиҳати вокуниш ба ҳодисаи вуруди изофии паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварро баррасӣ кардаанд.Ҳамин тариқ Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо Шоддер мулоқот карда, вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди ройзанӣ қарор додааст. Ҷонибҳо қайд карданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва ниҳоди байналмилалии мазкур дар қиболи таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20211120/nigaroni-smm-panohjuyon-afghon-tojikiston-1043665097.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/56/1031165600_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f81b43168b79adb1676ce552a922862a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм паноҳҷӯён афғон тоҷикистон
смм паноҳҷӯён афғон тоҷикистон
СММ шумораи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро эълон кард
15:36 23.11.2021 (Навсозишуда: 17:27 23.11.2021) Комиссариати олии паноҳандагони СММ теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро, ки ба таври қонунӣ ба кишвар омадаанд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо дар пайи дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҳастанд. Дар ин бора намояндаи минтақавии комиссари олии осиёимарказии СММ Ҳанс Фридрих Шоддер хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, нисфи гурезагон аз ин теъдод дар соли 2020 ва қисме соли ҷорӣ, ҳатто қабл аз бастани расмии марзҳо бо Афғонистон ба ҷумҳурӣ омадаанд.
"Онҳо ба таври қонунӣ, тавассути ҳавопаймо, бо раводид ва шиноснома омадаанд", - гуфт Шоддер.
Шоддер таъкид кард, ки якҷоя бо дигар ташкилотҳо ба гурезаҳои афғонистонӣ дар ҷиҳати дастрасӣ ба таълим ва кор ёрӣ мерасонанд.
Дар ҳамин ҳол қаблан дафтари Комиссариати олӣ дар умури паноҳандгони СММ дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳудуди 14 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебарад.
Дар робита ба ин Тоҷикистон ва Комиссариати олии СММ аллакай иқдомоте дар ҷиҳати вокуниш ба ҳодисаи вуруди изофии паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварро баррасӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо Шоддер мулоқот карда, вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди ройзанӣ қарор додааст.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва ниҳоди байналмилалии мазкур дар қиболи таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат хоҳанд кард.