Бо розигии президент Наимҷонзода аз мақомаш барканор шуд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ИстаравшанНаимҷонзода Нигора Ҳайдарӣ
Наимҷонзода Нигора Ҳайдарӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Наимҷонзода Нигора Ҳайдарӣ, муовини раиси шаҳри Истаравшан аз мақомаш барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Қарор дар бораи аз вазифа озод намудани Наимҷонзода дирӯз дар ҷаласаи ҳукумати шаҳри Истаравшан қироат шудааст.
Ин қарори раиси шаҳри Истаравшан бар асоси розигии президенти кишвар содир шудааст.
Бино ба иттилои манобеъ аз ҳукумати шаҳри Истаравшан, далели барканории Нигора Наимҷонзода, ҷойивазкунии кадрӣ ё ротатсия гуфта мешавад.
Ӯ муовини идеологии раиси шаҳр буд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард
Дар бораи ин тағйироти кадрӣ дафтари матбуотии раиси шаҳри Истаравшан низ иттилоъ дода гуфтааст, ки “Наимҷонзода Нигора Ҳайдарӣ тӯли 5 сол дар мансаби муовини раиси шаҳр сарбаландона фаъолият" намудааст.
Аммо дар бораи ҷойи кори нави ӯ, ҳамчунин ҷойгузинаш дар ҳукумати Истаравшан чизе гуфта нашудааст.
Ҳоло бо рафтани Наимҷонзода курсии муовини раиси шаҳри Истаравшан холӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0