https://sputnik.tj/20211117/vmkb-sughd-khatlon-prezident-navohiro-tayin-1043600137.html
Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард
Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони 11 шаҳру навоҳии ҷумҳуриро барканору таъйин кард 17.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-17T17:21+0500
2021-11-17T17:21+0500
2021-11-17T19:23+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
суғд
вмкб
хатлон
тағйироти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813937_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_954c10aa62dd17915913b6980dc94d05.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ВМКБ раисони нави ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаро таъйин кардааст. Дар вилояти Хатлон роҳбарони шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрав иваз гардиданд. Дар Суғд роҳбари ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Манбаъ афзуд, ки бо қарори ҳукумат Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” озод шуд. Инчунин пешниҳоди президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии кишвар дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол шудааст. Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои созанда, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрӣ, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ дастур додааст. Рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра низ аз ҷумлаи супоришҳои раисҷумҳур ба роҳбарони навтаъйини шаҳру навоҳӣ арзёбӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20211117/kulob-danghara-prezident-taghyiroti-kadri-1043595655.html
суғд
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813937_108:0:1925:1363_1920x0_80_0_0_a689d8558fb18145a3f9d137aaa44a17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , суғд, вмкб, хатлон, тағйироти кадрӣ
дар тоҷикистон, сиёсат , суғд, вмкб, хатлон, тағйироти кадрӣ
Аз ВМКБ то Суғду Хатлон: Президент раисони 11 шаҳру навоҳиро таъйин кард
17:21 17.11.2021 (Навсозишуда: 19:23 17.11.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони 11 шаҳру навоҳии ҷумҳуриро барканору таъйин кард
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ВМКБ раисони нави ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаро таъйин кардааст.
Дар вилояти Хатлон роҳбарони шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Ҷайҳун, Носири Хусрав иваз гардиданд. Дар Суғд роҳбари ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки бо қарори ҳукумат Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” озод шуд.
Инчунин пешниҳоди президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии кишвар дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол шудааст.
Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои созанда, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрӣ, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ дастур додааст.
Рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра низ аз ҷумлаи супоришҳои раисҷумҳур ба роҳбарони навтаъйини шаҳру навоҳӣ арзёбӣ шудаанд.