Раҳимзода хостори пешгирӣ аз вуруди ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ шуд

© ВКД ТоҷикистонРамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо ҷавонон
Рамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо ҷавонон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода гуфт, ҷавонони тоҷик бояд ватандӯст ва ҳувияти миллӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҷавонони тоҷик дидору мулоқот ва аз вантандӯстию ҳувияти миллӣ суҳбат кард, хабар медиҳад ВКД.
Ин мулоқот бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ ҷавононро табрик гуфту зикр кард, ки парчам рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик буда, тоҷиконро ба ояндаи дурахшон мепайвандад.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дастури Озода Раҳмон барои таҷлили арзандаи Рӯзи парчам дар ВМКБ
"Зеро ҳифзи парчам ва эҳтиром гузоштан ба он нишони ҳувияти миллӣ ва ватандӯстдорӣ буда, шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ибтидои қабули парчами давлатӣ ҳамеша онро муқаддас дониста, болафшон будани онро нишони зиндагии шоистаи хеш медонанд", - гуфтааст вазир.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода дар бораи баланд бардоштани савияи дониш, ҳувияти миллӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, ватандӯстӣ, инчунин пешгирӣ аз вуруди ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намудааст.

"Ҷавонон бояд мафҳумҳои Ватан - Модар, муқаддасоти миллӣ аз қабили парчам, нишон ва Суруди миллиро дарк намоянд ва вобаста ба онҳо бо ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандустӣ бедору қавитар гарданд", - гуфт вазир.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷавонони фаъол низ баромад карданд, афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуда, дар ҷумҳурӣ аз соли 2009 ба ин сӯ 24 ноябр чун Рӯзи парчам таҷлил мегардад.
Парчами давлатии Тоҷикистон соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе дар пояи ҳудуди 165-метрӣ насб гардидааст, ки яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон буда, вориди китоби Гиннес низ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0