Мошини толибонро дар Кобул тарконданд - видео

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Обуна шудан
Дар пайи таркише дар шаҳри Кобули Афғонистон ду пулиси толиб захӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Кобул мошини толибон тарконида шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо такя ба "Aamaj News".
Гуфта мешавад, ки дар ин таркиш ду пулиси толиб маҷруҳ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, пас аз таркиш садои тир шунида шудаст. Мошини толибонро бо мина тарконидаанд.
Ин хабарро Набӣ Мубин, намояндаи пулиси толибон тасдиқ кардааст.
Ҷузъиёти ин таркиш то ҳол ошкор нашудааст. Масъулияти ин ҳодисаро то ҳол ягон гурӯҳ ба уҳда нагирифтааст.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кард
Бояд гуфт, аз моҳи сентябр то кунун, ки Афғонистон таҳти контроли толибон аст, чандин таркишҳои хунин рух дод ва масъулияти аксари онҳоро гурӯҳи террористии ДИИШ* ба уҳда гирифт.
Ахиран Ҷабҳаи муқовимат дар паи задухӯрд бо толибон ба ҳисоби фармондеҳи онҳо шаш толибро кушта буд.
Ҷабҳаи муқовимат мошини зиреҳпӯши "Толибон"*-ро дар Панҷшер нобуд кард - видео
Дар ин муқовимат мошини Мавлавӣ Низомӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қисми сурх"-и толибон дар водии Андароб, дар минтақаи Деҳсалоҳ ба доми сарбозони Ҷабҳаи муқовимат афтод.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кашварҳо мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0