https://sputnik.tj/20211120/jabha-farmondeh-tolibon-kushtand-1043660204.html
Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кард
Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар умум дар паи задухӯрди сарбозони Ҷабҳаи муқовимат ва толибон ба ҳисоби фармондеҳ шаш кас кушта шуд
2021-11-20T13:34+0500
2021-11-20T13:34+0500
2021-12-22T19:41+0500
толибон
ҳамлаи хунин
кушта шудан
задухӯрд
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900188_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_deb4d492d8562ed3bc81e4e52bc81cce.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Сарбозони Ҷабҳаи муқовимат дар вилояти Бағлон фармондеҳи калидии толибонро куштанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Ба гуфти манобеъ, мошини Мавлавии Низомӣ, фармондеҳи нерӯҳои "қисми сурх"-и толибон дар водии Андароб, дар минтақаи Диҳ-Салох ба доми сарбозони Ҷабҳаи муқовимат афтод.Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ ӯ ва 5 толиб, ки ҳамроҳаш буданд, дар ҷои ҳодиса кушта шуданд. Мавлавӣ Низомӣ зодаи вилояти Кундуз буда, аз фармондеҳони калидии толибон гуфта мешавад.Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
https://sputnik.tj/20211109/jabha-muqovimat-moshin-zirehpush-tolibon-1043340146.html
https://sputnik.tj/20211113/talafot-tolibon-panjsher-1043527712.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900188_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_928b4f6e6f19f2a94af5f83fba448ac3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, ҷабҳаи муқовимати миллӣ, афғонистон задухӯрд
толибон, ҷабҳаи муқовимати миллӣ, афғонистон задухӯрд
Ҷабҳаи муқовимат фармондеҳи калидии толибонро нобуд кард
13:34 20.11.2021 (Навсозишуда: 19:41 22.12.2021) Дар умум дар паи задухӯрди сарбозони Ҷабҳаи муқовимат ва толибон ба ҳисоби фармондеҳ, шаш кас кушта шуд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Сарбозони Ҷабҳаи муқовимат дар вилояти Бағлон фармондеҳи калидии толибонро куштанд, хабар
медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфти манобеъ, мошини Мавлавии Низомӣ, фармондеҳи нерӯҳои "қисми сурх"-и толибон дар водии Андароб, дар минтақаи Диҳ-Салох ба доми сарбозони Ҷабҳаи муқовимат афтод.
Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ ӯ ва 5 толиб, ки ҳамроҳаш буданд, дар ҷои ҳодиса кушта шуданд.
Мавлавӣ Низомӣ зодаи вилояти Кундуз буда, аз фармондеҳони калидии толибон гуфта мешавад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.