https://sputnik.tj/20211122/uzbakiston-istehsol-moshin-zirehpush-1043695733.html
Ӯзбекистон ба истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯши сохти худӣ шуруъ кард
Ӯзбекистон ба истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯши сохти худӣ шуруъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мошин аз тамоми озмоишхое, ки гурухи санҷишии намояндагони сохторҳои қудратии кишвар гузаштааст
2021-11-22T17:47+0500
2021-11-22T17:47+0500
2021-11-22T21:06+0500
дар ҷаҳон
мошин
саноат
ӯзбекистон
зиреҳпӯшҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/16/1043695872_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_92481870df92839febd44808049b2e00.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон истеҳсоли силсилавии мошинҳои зиреҳпӯши "Qalqon" (Калкон) ба роҳ монда шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии саноати дифоии Ӯзбекистон. Ба иттилои манбаъ, намунае, ки дар яке аз корхонаҳои мудофиаи ҷумҳурӣ таҳия шудааст, аз тамоми озмоишҳои гурӯҳи коршиносии намояндагони ниҳодҳои амниятиву қудратӣ муваффақ гузашт.Гуфта мешавад, коршиносон мутобиқати тавсифоти тактикӣ ва вижагиҳои мошини зиреҳпӯшро ба талаботи нерӯҳои мусаллаҳ ва стандартҳои байналмилалии эътирофшуда тасдиқ карданд.Мошин дар асоси тарҳи коршиносони соҳа "аз сифр" сохта шуда, баъд аз он вижагиҳои токтикию фаннии он дар рафти санҷишҳои амалӣ такмил дода шуданд. Айни замон худрави зиреҳпӯши "Калкон" ба истеҳсоли силсилавӣ ворид шудааст. Мошинҳои истеҳсолшуда ба қисмҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар ворид хоҳанд шуд.Ӯзбекистон миёни кишварҳои дигар Осиёи Марказӣ дар умури саноати мошинсозӣ пешрафти чашмрасе дорад, ки ҳамасола ҳазорон худравашро ба бозорҳои хориҷӣ мебарорад.Дар ин кишвар ҳоло худравҳои сабукрави тамғаи "Chevrolet - Spark", "Cobalt", "Nexia", "Lacetti" ва ҳамзамон боркашҳои тамғаҳои гуногун истеҳсол мешаванд.
https://sputnik.tj/20210905/moshin-uzbeki-bozor-tojikiston-1042067617.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/16/1043695872_317:0:1853:1152_1920x0_80_0_0_c7c7b03c3178c9b236a49577c515245f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбакистон истеҳсол мошин зиреҳпӯш
ӯзбакистон истеҳсол мошин зиреҳпӯш
Ӯзбекистон ба истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯши сохти худӣ шуруъ кард
17:47 22.11.2021 (Навсозишуда: 21:06 22.11.2021) Мошин аз тамоми озмоишҳои гурӯҳи санҷишии намояндагони сохторҳои қудратии ин кишвар гузаштааст
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон истеҳсоли силсилавии мошинҳои зиреҳпӯши "Qalqon" (Калкон) ба роҳ монда шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии саноати дифоии Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, намунае, ки дар яке аз корхонаҳои мудофиаи ҷумҳурӣ таҳия шудааст, аз тамоми озмоишҳои гурӯҳи коршиносии намояндагони ниҳодҳои амниятиву қудратӣ муваффақ гузашт.
Гуфта мешавад, коршиносон мутобиқати тавсифоти тактикӣ ва вижагиҳои мошини зиреҳпӯшро ба талаботи нерӯҳои мусаллаҳ ва стандартҳои байналмилалии эътирофшуда тасдиқ карданд.
Мошин дар асоси тарҳи коршиносони соҳа "аз сифр" сохта шуда, баъд аз он вижагиҳои токтикию фаннии он дар рафти санҷишҳои амалӣ такмил дода шуданд.
Айни замон худрави зиреҳпӯши "Калкон" ба истеҳсоли силсилавӣ ворид шудааст. Мошинҳои истеҳсолшуда ба қисмҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар ворид хоҳанд шуд.
Ӯзбекистон миёни кишварҳои дигар Осиёи Марказӣ дар умури саноати мошинсозӣ пешрафти чашмрасе дорад, ки ҳамасола ҳазорон худравашро ба бозорҳои хориҷӣ мебарорад.
Дар ин кишвар ҳоло худравҳои сабукрави тамғаи "Chevrolet - Spark", "Cobalt", "Nexia", "Lacetti" ва ҳамзамон боркашҳои тамғаҳои гуногун истеҳсол мешаванд.