https://sputnik.tj/20211122/talab-pul-parvand-ojonsi-kormand-vkd-bozdosht-1043680060.html
Талаби пул барои боз накардани парванда: Оҷонсӣ боз корманди ВКД-ро боздошт кард
Талаби пул барои боз накардани парванда: Оҷонсӣ боз корманди ВКД-ро боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Корманди ВКД барои боз накардани парванда аз як корафтода пул талаб кардааст 22.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-22T10:32+0500
2021-11-22T10:32+0500
2021-11-22T10:32+0500
вкд
қаллобӣ
оҷонсии зидди фасод
боздошт
корманд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон боз як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда К.У. мебошад, ки дар вазифаи ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор мекардБа иттилои манбаъ, ӯ дар давоми фаъолияти корияш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Комилов Умед Одинаевич бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшударо аз 54 то 87 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.Ёдовар мешавем ин нахустин боздошти корманди ВКД набуда, як ҳафта қабл низ Оҷонсӣ муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия, хонум З.М ва шаҳрванд А.А- ро боздошт карда буд.Ӯ низ бо як ҳамдасти дигар барои кумак дар парвандаи ҷиноии як корафтода ба гуфти Оҷонсӣ пул талаб кардааст.
https://sputnik.tj/20211115/ojonsi-kapitan-vkd-bozdosht-1043543551.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талаб пул парванда оҷонсӣ вкд боздошт
талаб пул парванда оҷонсӣ вкд боздошт
Талаби пул барои боз накардани парванда: Оҷонсӣ боз корманди ВКД-ро боздошт кард
Корманди ВКД барои боз накардани парванда аз як корафтода пул талаб кардааст
ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон боз як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда К.У. мебошад, ки дар вазифаи ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор мекард
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар давоми фаъолияти корияш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Комилов Умед Одинаевич бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшударо аз 54 то 87 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем ин нахустин боздошти корманди ВКД набуда, як ҳафта қабл низ Оҷонсӣ муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия, хонум З.М ва шаҳрванд А.А- ро боздошт карда буд.
Ӯ низ бо як ҳамдасти дигар барои кумак дар парвандаи ҷиноии як корафтода ба гуфти Оҷонсӣ пул талаб кардааст.