Русия таҳдидҳои даҳшатнок ба Тоҷикистон ва минтақа аз Афғонистонро эълон кард

© REUTERS \ Jalil Ahmad Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2021
Обуна шудан
Мақомоти кишварҳои ИДМ тасмим доранд, ки барои ҳалли буҳрони Афғонистон тадбирҳои пайгирона андешанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон таҳдидҳои нави васеъмиқёсро ба вуҷуд меорад. Дар ин бора дар суҳбат бо "Российская газета" муовини котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Александр Гребенкин иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вай, бад шудани вазъ дар ҷумҳурӣ дар пасманзари "камбағалии аҳолӣ ва таъқиботи ғайриқонунӣ алайҳи шаҳрвандони худ" сурат мегирад.

"Ин хатари воқеии афзоиши назарраси қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳоҷирати беназоратро ба вуҷуд меорад", - таъкид кард Гребенкин.

Вай қайд кард, ин ба "шахсоне, ки идеологияи радикалӣ ва таҷрибаи амалиёти низомӣ доранд", низ дахл дорад.
Террористҳои Афғонистон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ва сипас ба қаламрави Русия ворид шаванд, гуфт намояндаи Шӯрои амнияти ФР.
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии Министерства иностранных дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Путин: ОМ дар рӯёрӯӣ бо мушкилоти бархоста аз Афғонистон ба кумак ниёз дорад
Ба гуфтаи Гребенкин, ҷангҷӯён қисмати марзи Русияву Қазоқистонро барои ҳамла ба Русия истифода хоҳанд кард.
Иштироккунандагони маҷлиси машваратии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои ИДМ зарурати андешидани тадбирҳои пай дар пай барои ҳалли буҳрони дохилии Афгонистонро муҳокима карданд.
Гребенкин таъкид кард, кишварҳо баъди ба сари ҳокимият омадани толибон вазъияти Афғонистонро назорат мекунанд.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
"Мутаассифона, он (вазъияти Афгонистон, — таҳ) ягон асос барои хушбин буданро намедиҳад", — гуфт ӯ дар хотима.
Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфта буд, ки агар мақомоти феълӣ вазъ дар кишварро ба эътидол наоваранд, Афғонистонро фалокат, ҷанги нави шаҳрвандӣ таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0