https://sputnik.tj/20211122/oreyra-shahrvandi-rusi-vaksin-sputnik-v-moyakubi-1043682545.html
Орейра ҳам шаҳрвандии русӣ гирифту ҳам бо ваксини "Спутник V" моякӯбӣ шудааст
Орейра ҳам шаҳрвандии русӣ гирифту ҳам бо ваксини "Спутник V" моякӯбӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Сароянда ва ҳунарпешаи уругвайӣ гуфт, ки нияти истифодаи ягон ваксинаи дигарро надорад
2021-11-22T12:22+0500
2021-11-22T12:22+0500
2021-11-22T19:06+0500
дар тоҷикистон
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/40/1031414063_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_32564166d227b8f8e774a2d72551f884.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ситораи сериали "Дикий ангел", ҳунарпеша ва овозхони маъруфи уругвайӣ Наталя Орейро алайҳи бемории коронавирус бо ваксинаи сохти Русия - "Спутник V" моякӯбӣ шудааст, хабар медиҳад RT. Ҳунарпеша инчунин гуфт, дар оянда вай ният надорад, ки аллайҳи маризии COVID-19 бо ягон ваксинаи дигар моякӯбӣ шавад ва ба ҳама ҳамватанон тавсия додааст, ки ваксина бигиранд. Ёдовар мешавем, чанде қабл Наталя Орейро шиносномаи русӣ гирифт. Онро сафири Русия дар Аргентина Дмитрий Феоктистов, дар бинои намояндагии дипломатӣ ба ситораи машҳур Наталя Орейро ҳадя карда буд.Наталия Орейро 19 майи соли 1977 дар Монтевидео ба дунё омадааст.Замоне ки Орейро 8 сол дошт, ба курси ҳунарпешагӣ рафт. Аз 12-солагӣ ӯ дар рекламаҳо нақш меофарид ва аз 14-солагӣ бошад, ёрдамчии асосӣ дар барномаи телевизионӣ шуд.Дар 16-солагӣ Наталия ба Буэнос-Айрес сафар кард. Ӯ пас аз нақшофарӣ дар филми "Дикий ангел" маъруф шуд.
https://sputnik.tj/20190323/Man-rus-astam-Nataliya-Oreyro-az-Putin-sharvand-khost-1028536736.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/40/1031414063_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_0a30dbca9b2983b1ba4255d4381efb73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наталя орейро ваксина
Орейра ҳам шаҳрвандии русӣ гирифту ҳам бо ваксини "Спутник V" моякӯбӣ шудааст
12:22 22.11.2021 (Навсозишуда: 19:06 22.11.2021) Сароянда ва ҳунарпешаи уругвайӣ гуфт, ки нияти истифодаи ягон ваксинаи дигарро надорад
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ситораи сериали "Дикий ангел", ҳунарпеша ва овозхони маъруфи уругвайӣ Наталя Орейро алайҳи бемории коронавирус бо ваксинаи сохти Русия - "Спутник V" моякӯбӣ шудааст, хабар медиҳад RT.
"Бале, албатта, аввалин ваксинае, ки мо (Уругвай. - идора.) гирифтем, "Спутник V" буд. Бале, ду воя ваксинаи "Спутник V" гирифтам", - гуфт вай дар мусоҳиба бо шабакаи НТВ.
Ҳунарпеша инчунин гуфт, дар оянда вай ният надорад, ки аллайҳи маризии COVID-19 бо ягон ваксинаи дигар моякӯбӣ шавад ва ба ҳама ҳамватанон тавсия додааст, ки ваксина бигиранд.
Ёдовар мешавем, чанде қабл Наталя Орейро шиносномаи русӣ гирифт. Онро сафири Русия дар Аргентина Дмитрий Феоктистов, дар бинои намояндагии дипломатӣ ба ситораи машҳур Наталя Орейро ҳадя карда буд.
Наталия Орейро 19 майи соли 1977 дар Монтевидео ба дунё омадааст.
Замоне ки Орейро 8 сол дошт, ба курси ҳунарпешагӣ рафт. Аз 12-солагӣ ӯ дар рекламаҳо нақш меофарид ва аз 14-солагӣ бошад, ёрдамчии асосӣ дар барномаи телевизионӣ шуд.
Дар 16-солагӣ Наталия ба Буэнос-Айрес сафар кард. Ӯ пас аз нақшофарӣ дар филми "Дикий ангел" маъруф шуд.