"Ман рус ҳастам!": Наталия Орейро аз Путин шаҳрвандӣ хост

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкАктриса и певица Наталья Орейро
Актриса и певица Наталья Орейро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наталия Орейро дар барномаи "Вечерний Ургант" қайд кард, ки худро рус эҳсос мекунад

ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Дар барномаи "Вечерний Ургант", (Шоми Ургант) ҳунарпеша ва сарояндаи уругвайӣ Наталия Орейро аз президенти Русия Владимир Путин шиносномаи русӣ талаб кард.

Орейро дар остонаи сафари ҳунариаш дар Русия, ба барномаи "Вечерний Ургант" омадааст.

Зимни суҳбат бо муҷрии барнома Иван Ургант овозхон гуфт, ки 15 маротиба ба Русия сафар кардааст.

"Ба ман Путин бояд шиноснома диҳаду халос, ҳаминаш мондааст!..Вале, ба фикрам ӯ намехоҳад, Путин шиноснома деҳ!",-гуфт Орейро дар барномаи "Вечерний Ургант".

Орейро қайд кард, ки ягон шаҳрванди хориҷӣ ба қадри ӯ "рус" нест.

"Ман аз Жерард Депарде бештар русам. Ӯ фақат барои пул шаҳрванд шудааст",-қайд кард овозхон.

Наталия Орейро 19 майи соли 1977 дар яке аз шаҳрҳои Уругвай-Монтевидео ба дунё омадааст.

Замоне Орейро 8 сол дошт, ба курси ҳунарпешагӣ  рафт. Аз 12 солагӣ ӯ дар рекламаҳо нақш меофарид ва аз 14-солагӣ бошад, ёрдамчии асосӣ дар барномаи телевизионӣ шуд.

Клипи таронаи Наталия Орейро бо забони русӣ

Дар 16-солагӣ Наталия ба Буэнос-Айрес сафар кард. Ӯ пас аз нақшофарӣ дар филми "Дикий ангел" маъруф шуд.

Лентаи хабарҳо
0