https://sputnik.tj/20211027/qirghizistonu-tojikiston-subot-marzi-tavofuq-1043129641.html
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи суботи марзӣ ба тавофуқ расиданд
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи суботи марзӣ ба тавофуқ расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи чораҳои коҳиши муноқишаҳои марзӣ ба мувофиқа расиданд
2021-10-27T18:30+0500
2021-10-27T18:30+0500
2021-10-27T19:27+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
субот
марз
муноқишаи марзӣ
муноқиша
тавофуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/06/1029480639_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_88c600aec1e0f4c18ec7cfaa1cc04f02.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Намояндагони манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи коҳиши ташаннуҷ дар сарҳади ду кишвар ба мувофиқа расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС бо истинод ба дафтари матбуотии намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд.Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби мулоқоти раҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу мақомоти маҳаллии ду ҷумҳурӣ тадобире барои коҳиши низоъ дар марз ироа шудааст ва зимнан тавофуқе аз тарафи ҳар ду ҷониб сурат гирифтааст.Ҳамин тариқ тасмим гирифта шуд, ки ҳама гуна сохтмон дар наздикии "сарҳади шартӣ" қатъ гашта, ҳайвоноти ба ҳудуди ҳамсоя воридшуда ба ҳамдигар баргардонида шаванд ва ҷонибҳо барои пешгирии қочоқ чораҳои муштарак андешанд.Дар ин росто ниҳодҳои интизомии манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик тарҳи барномаи амалии муштарак барои ҳалли вазъ дар марзро таҳия ва мувофиқа кунанд.Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону ҚирғизистонВазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
https://sputnik.tj/20211010/tojikistonu-qirghiziston-sozishnoma-marzi-imzo-1042745185.html
https://sputnik.tj/20211023/jabborov-qirghiziston-marz-tojikiston-1043056072.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/06/1029480639_224:0:945:541_1920x0_80_0_0_e78744957929c45dbe6ede3b32609f55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, суботи марзӣ, марз, тавофуқ, муноқишаи марзӣ
тоҷикистон, қирғизистон, суботи марзӣ, марз, тавофуқ, муноқишаи марзӣ
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи суботи марзӣ ба тавофуқ расиданд
18:30 27.10.2021 (Навсозишуда: 19:27 27.10.2021) Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи иқдомот барои коҳиши муноқишаҳои марзӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Намояндагони манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи коҳиши ташаннуҷ дар сарҳади ду кишвар ба мувофиқа расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС бо истинод ба дафтари матбуотии намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд.
"Дар деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон Абдукарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом доданд, то ҳодисаҳои марзӣ ва ҷилавгирӣ аз онҳоро баррасӣ намоянд”, - гуфт сухангӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби мулоқоти раҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу мақомоти маҳаллии ду ҷумҳурӣ тадобире барои коҳиши низоъ дар марз ироа шудааст ва зимнан тавофуқе аз тарафи ҳар ду ҷониб сурат гирифтааст.
Ҳамин тариқ тасмим гирифта шуд, ки ҳама гуна сохтмон дар наздикии "сарҳади шартӣ" қатъ гашта, ҳайвоноти ба ҳудуди ҳамсоя воридшуда ба ҳамдигар баргардонида шаванд ва ҷонибҳо барои пешгирии қочоқ чораҳои муштарак андешанд.
Дар ин росто ниҳодҳои интизомии манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик тарҳи барномаи амалии муштарак барои ҳалли вазъ дар марзро таҳия ва мувофиқа кунанд.
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.