Духтари теннисбози тоҷик ба ИМА рафт

© PixabayТеннисная ракетка, архивное фото
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Обуна шудан
Наргиза Яҳёева, духтари теннисбози тоҷик, бурсияи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои ИМА-ро гирифта, таҳсилу тамринро минбаъ дар ин кишвар идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Наргиза, теннисбоздухтари тоҷик бурсияи таҳсил дар ИМА-ро соҳиб шуда, феълан узви тими донишгоҳаш мебошад, иттилоъ дод падараш Мансур Яҳёев.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон зикр намуд, ки Наргиза аз хурдсолӣ майл ба теннис дошта, бо тамоми нерӯ машқ мекард ва дар ниҳоят ба орзуяш расид.

"Соли 2020 мо ҳуҷҷатҳоро барои дохил шудан ба Francis Marion University дар иёлати Каролинаи Ҷанубии ИМА, ба факултаи тиҷорату бозорёбӣ пешниҳод кардем ва Наргиза қабул гардиду дар баробари ин стипендия барояш ҷудо шуд", - изҳор дошт падар.

Ӯ афзуд, теннисбоздухтар дар ИМА баробари таҳсил инчунин тамрин мекунаду имкони бештари амалисозии зарфиятҳояшро дар варзиш дорад.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Федератсияи тенниси рӯимизӣ: Ахмедов роҳбари нав интихоб шуд
Яҳёева 20 сентябри соли 2002 таваллуд шуда, машқи теннисро аз 7-солагӣ зери роҳбарии падараш Мансур Яҳёев оғоз кардааст. Ӯ то ҳол қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дар риштаи инфиродӣ ва ҷуфтӣ буда, ҷоизадори мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президент мебошад.
Наргиза аз соли 2015 узви тими миллии Тоҷикистон шуда, соли 2016 барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё дар Бангкок миёни варзишгарони то 14-сола шуд. Ӯ дорои дараҷаи устоди варзиш буда, инчунин бархе аз мусобиқаҳоро доварӣ низ мекард.
Лентаи хабарҳо
0