Занону духтаронро бештар ба кор ҷалб намоед: мулоқоти вазири тоҷик бо намояндагони БАТР

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Обуна шудан
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои дастгирии иҷтимоии занон лоиҳаҳои алоҳидаи сармоягузорӣ таҳия намоянд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар мулоқоти Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон масъалаи фаъолияти густурдаи бонувони тоҷик дар бозори меҳнат баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои датари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни мулоқот тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.

“Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, касбомӯзии калонсолон, инчунин фаъолияти густурдаи бонувони тоҷик дар бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Манбаъ илова кард, ки зимни мулоқот тадбирҳои вобаста ба дастгирии иҷтимоии занон дар доираи барномаҳои соҳавии амалишаванда аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тақвият ёфта, инчунин ҷиҳати иҷрои ин ҳадафҳо лоиҳаҳои алоҳидаи сармоягузорӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Аз хушунат то қатлу куштор: дар Суғд ҷинояткорӣ алайҳи занон бештар шудааст
Ҳамзамон дар фарҷоми мулоқот дурнамои ҳамкориҳои тарафайн ва ҳавасмандиҳо дар ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои тақвияти бозори меҳнат ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сокинони бекасб, махсусан занону бонувон ироа шуд.
Лентаи хабарҳо
0