"Намоиши зӯри бозу": коршинос дар бораи амалиёти ИМА дар баҳри Сиёҳ

© U.S. NavyЭсминец с управляемым ракетным оружием типа "Арли Берк"
Эсминец с управляемым ракетным оружием типа Арли Берк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Обуна шудан
Амалҳои ИМА дар баҳри Сиёҳ намоиши нерӯ аст, он дар Украина пойгоҳ намесозад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Фаъол шудани Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи баҳри Сиёҳ бо мавқеи расмии Вашингтон дар бораи ҳифзи худ аз Русия иртибот дорад ва як намоиши қувват аст, аммо ба гумон аст, амрикоиҳо дар бораи таъсиси пойгоҳҳои низомӣ ё баҳрӣ дар қаламрави Украина тасмим мегиранд.
Дар ин бора раиси Маркази тадқиқоти ҳарбию сиёсии Институти ИМА ва Канадаи Академияи илмҳои Русия, профессори кафедраи сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисод Владимир Батюк изҳори назар кард.
Пештар киштиҳои амрикоии "Портер" ва "Маунт Уитни", ки бо мушакҳои болдор мусаллаҳанд, вориди баҳри Сиёҳ шуда буданд.
"Ин мавқеи расмии Амрико дар бораи боздоштани Русия, аз ҷумла дар марзҳои наздик, дар баҳри Сиёҳ ва Балтика аст. Ин як намоиши нерӯи Вашингтон аст, на бештар", — гуфтааст Батюк дар суҳбат бо РИА "Новости".
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2021
Лавров гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия ҳамкорӣ дошта бошад
"Гап сари ин ки тибқи Конвенсияи Монтрё ва ҳеҷ кас онро бекор накардааст, давлатҳои ғайри баҳри Сиёҳ ҳақ доранд, ки киштиҳои ҷангии худро дар баҳри Сиёҳ се ҳафта - 21 рӯз нигоҳ доранд. На бештар. Пас амрикоиҳо ҳуқуқ надоранд, пойгоҳҳои низомии худро дар баҳри Сиёҳ ҷой диҳанд. Ба эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик амрикоиён ба меҳмонии иттифоқчиён ва шарикони худ дар баҳри Сиёҳ сафар мекунанд, вале на бештар", - шарҳ дод Батюк.
Ба гуфти ӯ, тасаввур кардан душвор аст, ки вуруди як киштии ҷангии Амрико ба баҳри Сиёҳ метавонад ба навъе ба артиши Украина дар Донбасс кумак кунад, зеро Донбасс ва баҳри Сиёҳ саҳнаҳои гуногуни амалиёти низомӣ мебошанд.
Батюк тавзеҳ дод, ки мушкили эҷоди эҳтимолии пойгоҳҳои низомии Амрико дар баҳри Сиёҳ на танҳо бо конвенсияи Монтрё, балки бо он алоқаманд аст, ки дар ҷаҳон он қадар кишварҳои зиёде вуҷуд надоранд, ки амрикоиҳо пойгоҳҳои бузурги низомии доимӣ мустақар карда бошанд.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Путин дар ИМА пирӯзи интихоботи соли 2024 мешавад
Коршинос қайд кард, ки инҳо чун қоида мамлакатҳои хеле бой, давлатҳое мебошанд, ки вазъияти ниҳоят муътадили дохилии сиёсӣ доранд ва дар он ҷо хидматчиёни ҳарбии баҳрии Амрико худро бехатар ва осуда эҳсос мекунанд.
"Инҳо кишварҳои Урупои Ғарбӣ ҳастанд, кишварҳое мисли Баҳрайн, ки яке аз сарватмандтарин кишварҳои сайёра аст. Давлатҳое мисоли Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия ҳастанд. Украина аз рӯи ҳеҷ меъёр ба ин гурӯҳ мувофиқат намекунад. Ин кишвари фақир аст, ки аз ин рӯ аз эҳтимол дур нест, ки ягон раҳбари низомӣ ё сиёсии Амрико тасмим бигирад, ки дар қаламрави Украина пойгоҳҳои доимии ҳарбӣ ё баҳрӣ бунёд кунад”, - гуфт манбаъ.
Вазорати дифои Русия ба иқдомоти Иёлоти Муттаҳида дар Баҳри Сиёҳ вокуниш нишон дода, таъкид кард, ки омӯзиши эҳтимолии амалиёти низомӣ дар ҳолест, ки Киев роҳҳалли низомӣ дар Донбассро омода мекунад.
Солдат армии США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
"Дунё меларзад": Агар Украина ба НАТО шомил шавад, чӣ иттифоқ меафтад?
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки флоти баҳри Сиёҳи Русия "маҷмуи тадбирҳо барои назорат бар амалиёти киштиҳои ИМА дар Баҳри Сиёҳро амалӣ мекунад. Вазорат афзуд, ки амали нерӯҳои дарёии ИМА дар баҳри Сиёҳ омили нооромкунанда буда, яке аз ҳадафҳо - "аз худ" кардани қаламрави Украина мебошад.
Лентаи хабарҳо
0