Русия гуфт, киҳоро бо ҳавопаймоҳояш аз Афғонистон берун кашидааст

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкЭкстренная гуманитарная помощь МЧС России для борьбы с пандемией COVID-19 в Индии
Экстренная гуманитарная помощь МЧС России для борьбы с пандемией COVID-19 в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Обуна шудан
Се ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Русия беш аз 200 шаҳрванди кишварҳои мухталифро аз Кобул хориҷ карданд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Се ҳавопаймои Ил-76-и нерӯҳои ҳавоии Русия дар маҷмуъ беш аз 200 шаҳрванди Русия, Беларус, Арманистон, Украина ва Афғонистонро аз Кобул хориҷ каранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин дувумин амалиёти тахлия аз Афғонистон ба шумор меравад ва аввалин амалиёти интиқоли шаҳрвандон дар поёни моҳи августи анҷом шуд.
Барои нахустин бор ҳудуди 400 шаҳрванди Русия, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Афғонистонро тарк карданд. Парвози дуюм баъди се моҳ ташкил карда шуд.
Пеш аз ин афроди тахлияшуда қабл аз тасарруфи Кобул аз тарафи толибон барои дидор бо хешовандон ба Афғонистон рафта буданд ва чанд моҳ боз дар он кишвар дармонда буданд. Аксари афғонҳо дар Русия беш аз даҳ сол ба сар мебаранд ва дар ин кишвар оила ва ҷои кор доранд.
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Кабулов: Русия ҳеҷ барномае барои чашмандозӣ ба маъодини Афғонистонро надорад
Қобили зикр аст, ки рӯзи 15-уми август толибон вориди Кобул шуда, қасри раёсатиҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд. Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди толибон Афғонистонро тарк ва дар паёме эълом кард, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо ин кишварро тарк мекунад.
Ёдовар мешавем, 18 ноябр ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Русия ба Афғонистон 36 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод. Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буданд.
Зимнан ҳукумати муваққати Афғонистон барои ирсоли кумакҳо ба раисҷумҳури Русия ва вазири мудофиаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, умедворӣ кард, ки интиқоли кумакҳо аз Русия минбаъд ҳам идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0