Кабулов: Русия ҳеҷ барномае барои чашмандозӣ ба маъодини Афғонистонро надорад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДиректор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Обуна шудан
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, кишвараш омода аст дар тарҳҳои тиҷоратӣ ширкат кунад.
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Замир Кабулов, фиристодаи вижаи Путин дар Афғонистон зимни суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 24" дар бораи ширкати Русия дар Афғонистон гуфт, "мо омодаем дар чанд тарҳ, асосан дар заминаи тиҷоратӣ ширкат кунем."
Кабулов қайд кард, ки Русия ҳеҷ барномае барои чашмандозӣ ба маъодини Афғонистонро надорад.
Намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон гуфт, "ҳамаи ин бо мурури замон ба манофеи мардуми Афғонистон ва ҳукумати он кишвар таъсир хоҳад гузошт".
Девочка между бетонными заграждениями в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Сафири Русия дар Кобул: Афғонистон ба тарафи қаҳтӣ равон аст
Қаблан Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, дар бораи ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва содирот аз Русия, Арманистон, Беларус ва Украина сӯҳбат карда буд.
Ҳавопаймои Ил-76-и Русия рӯзи 18-уми ноябри соли ҷорӣ нахустин бор кумаки башардӯстонаи Русияро, ки беш аз 36 тонна, иборат аз маводи доруворӣ ва ғизо буд ба Афғонистон интиқол дод.
Қаблан гуфта мешуд, ки мақомоти Русия ду бастаи дигари кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон ироа хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0