Ҳушдори СҶТ аз афзоиши марг бар асари коронавирус дар зимистон

© Sputnik / Антон Вергун / Гузариш ба медиабонкРабота ковид-госпиталя
Работа ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз вазъи коронавирус дар кишварҳои аврупоӣ изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Мақомдори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз афзоиши маргумир бар асари коронавирус дар фасли сармо ҳушдор дод.
Ханс Клюге, мудири Дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар суҳбат бо ВВС аз арқоми даҳшатовари маргумир гуфт, ки ба Аврупо дар зимистони оянда таҳдид мекунад.
Ба иттилои СҶТ, дар пайи лағв ва ё заиф шудани маҳдудиятҳои коронавирусӣ дар кишварҳои аврупоӣ ояндаи наздик метавонанд беш аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расанд.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Эрон: Паноҳандагонро ройгон ваксина мезанем
Дар шарҳи омилҳои чунин пешомад, Клюге аз ҷумла омадани сардӣ, нишондодҳои пасти ваксингирӣ дар бархе кишварҳо ва пайдоиши штамҳои нисбатан сирояткунандаро ном бурд.
Мақомдорони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт даъват карданд, ки аҳолӣ пӯшидани ниқобро идома диҳанд ва афроде, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, ҳарчи зудтар худро аз коронавирус эмин кунанд.
Мудири аврупоии Созмони Беҳдошт инчунин даъват кард, ки баррасиҳои қонунӣ ва оммавӣ дар масъалаи ваксиназании ҳатмӣ оғоз карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0