https://sputnik.tj/20211117/tolibon-mujrimoni-karzay-abdulloh-afvi-umumi-1043593916.html
Толибон: Муҷримоне мисли Карзай ва Абдуллоҳ низ вориди афви умумӣ шудаанд
Толибон: Муҷримоне мисли Карзай ва Абдуллоҳ низ вориди афви умумӣ шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати амр ба маъруф ва ниҳи аз манкури толибон мегӯяд: Имороти исломӣ аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр ҳифозат мекунад, дар ҳоле, ки оё муҷримини бузург аз онҳо вуҷу дорад?
2021-11-17T14:05+0500
2021-11-17T14:05+0500
2021-11-17T18:34+0500
афғонистон
толибон
абдулло абдулло
ҳамид карзай
афв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491650_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_87c173b5501be596c5bbfe2a5a02156d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Шайх Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар сафаре, ки рӯзи гузашта ба вилояти Балх дошт, бо мақомоти ҳукуматӣ ва бархе намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ дидор ва бар зарурати густариши амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ҷомеа таъкид кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Сарпарасти ин вазорати толибон дар изҳороте Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи давлати Ашраф Ғанӣ ва Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси пешини Сеноро муҷримони бузург хонда, ки ба гуфтаи вай, акнун аз сӯйи иморати исломӣ мавриди афв қарор гирифтаанд.Оқои Ҳанафӣ ҳамчунин бо ишора ба мансабдорони собиқ ва афроде, ки ин кишварро тарк карданд, гуфт: “Онҳо ин сармояҳои ҳангуфтро аз куҷо ба даст оварданд, Худованд ба инҳо муҳосиба хоҳад кард ва иншоллоҳ, муҷоҳидин (толибон) муҳосиба хоҳанд кард”.Оқои Карзай дар мусоҳибаҳои ахираш гуфтааст, ки толибон қабл аз эътирофи байналмилалӣ бояд нахуст роҳҳаллро аз тариқи интихобот ва Луи Ҷирга ҷустуҷӯ кунанд.Замоне ки толибон вориди Кобул шуданд ва қудратро ба дасти худ гирифтанд, "афви умумӣ" эълон карданд. Аммо гузоришҳои зиёде дар бораи интиқом алайҳи бархе аз мансабдорони собиқи давлатӣ ва низомиён мунташир шудааст.
https://sputnik.tj/20211116/komilov-tolibon-hukumat-farogir-1043571912.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491650_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_0a403f3b9b9ad5db052acb69053e5bc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, абдулло абдулло, карзай, афв, толибон
афғонистон, абдулло абдулло, карзай, афв, толибон
Толибон: Муҷримоне мисли Карзай ва Абдуллоҳ низ вориди афви умумӣ шудаанд
14:05 17.11.2021 (Навсозишуда: 18:34 17.11.2021) Сарпарасти Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон мегӯяд, иморати исломӣ аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр ҳифозат мекунад, дар ҳоле ки оё муҷримини бузург аз онҳо вуҷу дорад?
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Шайх Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар сафаре, ки рӯзи гузашта ба вилояти Балх дошт, бо мақомоти ҳукуматӣ ва бархе намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ дидор ва бар зарурати густариши амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ҷомеа таъкид кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Сарпарасти ин вазорати толибон дар изҳороте Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи давлати Ашраф Ғанӣ ва Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси пешини Сеноро муҷримони бузург хонда, ки ба гуфтаи вай, акнун аз сӯйи иморати исломӣ мавриди афв қарор гирифтаанд.
“Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр аз шахсиятҳое ҳастанд, ки феълан дар Кобуланд. Онҳо ба изҳороти сарпарасти Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон то ҳол вокуниш нишон надодаанд”, - гуфт вай.
Оқои Ҳанафӣ ҳамчунин бо ишора ба мансабдорони собиқ ва афроде, ки ин кишварро тарк карданд, гуфт: “Онҳо ин сармояҳои ҳангуфтро аз куҷо ба даст оварданд, Худованд ба инҳо муҳосиба хоҳад кард ва иншоллоҳ, муҷоҳидин (толибон) муҳосиба хоҳанд кард”.
Оқои Карзай дар мусоҳибаҳои ахираш гуфтааст, ки толибон қабл аз эътирофи байналмилалӣ бояд нахуст роҳҳаллро аз тариқи интихобот ва Луи Ҷирга ҷустуҷӯ кунанд.
Замоне ки толибон вориди Кобул шуданд ва қудратро ба дасти худ гирифтанд, "афви умумӣ" эълон карданд. Аммо гузоришҳои зиёде дар бораи интиқом алайҳи бархе аз мансабдорони собиқи давлатӣ ва низомиён мунташир шудааст.