Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Собиқ шаҳрдори Исфара: Ворух ҳеҷ вақт анклав набуд

Обуна шудан
Раиси пешини шаҳри Исфара Мирзошариф Исломиддинов дар бораи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар кард
Рӯзноманигори тоҷик Неъматулло Мирсаидов бо собиқ раиси Исфара Мирзошариф Исломиддинов, ки солҳои 1988-1993 ва 2000-2005 шаҳрро роҳбарӣ мекард, мусоҳиба кард.
Дар ҷараёни муколама онҳо дар бораи низоъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва моликияти қаламравҳо сӯҳбат карданд.
Сиёсатмадори бознишастаи тоҷик қайд кард, ки Қирғизистон барои даъвои заминҳои марзӣ ягон асос надорад ва Тоҷикистон метавонад собит кунад, ки ин қаламравҳо аз кишвар аст.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида
"Замоне ман дар ин масъалаҳо муддати тӯлонӣ кор карда будам. Санади аввал, ки барои муайян кардани ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон қабул шуда буд, соли 1924, дуввум - соли 1927 буд", - гуфт Исломиддинов.
Вай тавзеҳ дод, ки ин санад аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС қабул шуда, сипас аз ҷониби мақомоти марбутаи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистонро дар бар мегирифт, тасдиқ шуда буд
Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон
Собиқ шаҳрдор афзуд, ки пас аз солҳои 50-ум, ин заминҳои Исфара ғайриқонунӣ ба истифодаи Ҷумҳурии Қирғизистон дода шуданд.
Сиёсатмадори собиқ ёдовар шуд, ки аввалин муноқиша дар манотиқи марзии ҷумҳуриҳо соли 1974 дар соҳили дарёи Исфара рух дод.
Исломиддинов таъкид кард, ки дар он муноқишаи аввал гурӯҳе аз аспсаворони қирғиз ба коргарони колхози "Правда" ҳамла карданд.
"Тибқи маълумоти топографии солҳои 1924, 1927 ва 1947, деҳаи Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд", - таъкид кард мансабдори собиқ.
Собиқ роҳбари Исфара қайд кард, ки комиссияи махсуси СССР бо масъалаи ҳудудии байни ҷумҳуриҳо машғул буд ва ба хулосае омад, ки заминҳои назди дарёи Исфара аз ибтидо аз они тоҷикон буданд.
Исломиддинов афзуд, баҳс ба хотири ин заминҳо идома дорад.
Зарари ду деҳаи Тоҷикистон аз муноқишаи марзӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб шуд
"Ин масъала бояд ҳал карда шавад, то ки дигар муноқишаҳо рух надиҳанд" - гуфт раиси пешини шаҳри Исфара.
Сиёсатмадори собиқ афзуд, ки ҳангоми таъини марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, бояд харитаҳои таърихиро истифода бурд ва ба ҳамдигар гузашт кард.
Лентаи хабарҳо
0