https://sputnik.tj/20211120/saad-marz-tojikiston-afghoniston-1043657059.html
Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
СААД барои вокуниш ба ташдиди авзоъ дар Афғонистон як гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад
2021-11-20T09:00+0500
2021-11-20T09:00+0500
2021-11-22T12:23+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
саад
таҳким
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103008/15/1030081525_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_f16f44fca6b19d079051e23097864481.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар пайи якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон САД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ин созмон як гурӯҳи фаврӣ таъсис медиҳад, гуфт Самад Ордабоев, муовини дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ.Вай дар ин бора дар чорчӯби Форуми II таҳлилии Авруосиё изҳор дошт.Ордабоев иттилоъ дод, ки “дар сурати якбора бад шудани вазъ, дар Маркази вокуниш ба буҳрони СААД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ин созмон як гурӯҳи фаврӣ барои назорати динамикаи вазъи кунунӣ дар марз таъсис медиҳад".Ҳамчунин имкони таҳкими нерӯҳои СААД баррасӣ мешавад. "Тадбирҳо ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, фароҳам овардани захираҳои моддӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД ҷиҳати таъмини омодагии нерӯҳои дастаҷамъии ин созмон ва андешидани тадбирҳои башардӯстона дар робита ба гурезаҳои эҳтимолӣ таҳия шуда истодаанд", - гуфт ӯ.Қаблан гуфта шуд, буҳрони Афғонистон Русияро водор кардааст, ки таҳкими соҳаи ҳарбӣ дар Осиёи Марказиро суръат бахшад. Ҳамин тариқ Русия ба Осиёи Марказӣ ҳавопаймоҳои Су-30СМ, чархболҳои Ми-35М, маҷмуаҳои зиддимушакии Бук-М2Е, БТР-80 ва БТР-82А зиреҳпӯш фиристод. Дар баробари ин ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон навъҳои БПЛА "Орлан-10Е" ва мошинҳои зиреҳпӯши "Тайфун-К" фиристода шуданд.Мусаллаҳшавии пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, пайваста идома дорад. Дар чорчӯби тамринҳои СААД, ки моҳи ноябр дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуданд, Русия силоҳҳои навро озмоиш кард.
https://sputnik.tj/20211119/baho-baland-generali-tojik-razmoish-kobalt-2021-1043652420.html
https://sputnik.tj/20211118/rusiya-tojikiston-siloh-ozmoish-1043611000.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103008/15/1030081525_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_c450a3c2713ff33a468ac58e65037326.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, марз, тоҷикистону. афғонистон
саад, марз, тоҷикистону. афғонистон
Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад
09:00 20.11.2021 (Навсозишуда: 12:23 22.11.2021) СААД барои вокуниш ба ташдиди авзоъ дар Афғонистон як гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар пайи якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон САД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ин созмон як гурӯҳи фаврӣ таъсис медиҳад, гуфт Самад Ордабоев, муовини дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ.
Вай дар ин бора дар чорчӯби Форуми II таҳлилии Авруосиё изҳор дошт.
"Созмон рушди кунунии вазъ дар Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ ба амният медонад", - гуфт муовини дабири кул.
Ордабоев иттилоъ дод, ки “дар сурати якбора бад шудани вазъ, дар Маркази вокуниш ба буҳрони СААД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ин созмон як гурӯҳи фаврӣ барои назорати динамикаи вазъи кунунӣ дар марз таъсис медиҳад".
Ҳамчунин имкони таҳкими нерӯҳои СААД баррасӣ мешавад.
"Тадбирҳо ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, фароҳам овардани захираҳои моддӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД ҷиҳати таъмини омодагии нерӯҳои дастаҷамъии ин созмон ва андешидани тадбирҳои башардӯстона дар робита ба гурезаҳои эҳтимолӣ таҳия шуда истодаанд", - гуфт ӯ.
Қаблан гуфта шуд, буҳрони Афғонистон Русияро водор кардааст, ки таҳкими соҳаи ҳарбӣ дар Осиёи Марказиро суръат бахшад.
Ҳамин тариқ Русия ба Осиёи Марказӣ ҳавопаймоҳои Су-30СМ, чархболҳои Ми-35М, маҷмуаҳои зиддимушакии Бук-М2Е, БТР-80 ва БТР-82А зиреҳпӯш фиристод.
Дар баробари ин ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон навъҳои БПЛА "Орлан-10Е" ва мошинҳои зиреҳпӯши "Тайфун-К" фиристода шуданд.
Мусаллаҳшавии пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, пайваста идома дорад. Дар чорчӯби тамринҳои СААД, ки моҳи ноябр дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуданд, Русия силоҳҳои навро озмоиш кард.