https://sputnik.tj/20211119/baho-baland-generali-tojik-razmoish-kobalt-2021-1043652420.html
Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс
Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс
Sputnik Тоҷикистон
Машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021", дар размоишгоҳи "Фахробод" ҷамъбаст гардида, фармондеҳон натиҷаи онро арзёбӣ намуданд
2021-11-19T20:05+0500
2021-11-19T20:05+0500
2021-11-19T20:18+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саад
машқҳои низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/13/1043651965_0:54:1024:630_1920x0_80_0_0_0bd413a28e0feb7732e38166c5751ff6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Генерал Нозим Иброҳимзода, ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021" ба ин размоишҳо баҳои баланд дод. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин размоиш таҳти унвони "Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ" баргузор гардид.Манбаъ афзуд, ки дар рӯзи ҷамъбаст дар майдони сафороӣ намоиши яроқу аслиҳа барпо шуд. Аъзои ситод баргузории чунин амалиёти дастаҷамъиро, ки ҳадафашон пешгирии амалҳои террористию безараргардонӣ мебошад, муҳим хонданд. Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳои муштарак изҳори сипос намуд."Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, аз тарафи намояндагони аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд", - омадааст дар иттилоияи ВУД. Маврид ба зикр аст, ки дар ин машқҳо воҳидҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои СААД - Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/13/1043651965_57:0:968:683_1920x0_80_0_0_4a1e5218e5240c4699dbf3b5f977856e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машқ, кобалт, тактикӣ, фахробод
машқ, кобалт, тактикӣ, фахробод
Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс
20:05 19.11.2021 (Навсозишуда: 20:18 19.11.2021) Машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021" дар размоишгоҳи Фахробод ҷамъбаст гардида, фармондеҳон натиҷаи онро арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Генерал Нозим Иброҳимзода, ноиби вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар маросими пӯшидашавии машқҳои махсуси тактикии "Кобалт-2021" ба ин размоишҳо баҳои баланд дод.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин размоиш таҳти унвони "Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ" баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки дар рӯзи ҷамъбаст дар майдони сафороӣ намоиши яроқу аслиҳа барпо шуд.
Аъзои ситод баргузории чунин амалиёти дастаҷамъиро, ки ҳадафашон пешгирии амалҳои террористию безараргардонӣ мебошад, муҳим хонданд.
Нозим Иброҳимзода ба иштирокчиён барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳои муштарак изҳори сипос намуд.
"Ба иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд, аз тарафи намояндагони аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин машқҳо воҳидҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали оперативии давлатҳои СААД - Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.