https://sputnik.tj/20211119/rusiya-shahrvand-panj-davlat-afghoniston-berun-1043636722.html
Русия 205 шаҳрванди панҷ давлатро аз Афғонистон берун овард
Русия 205 шаҳрванди панҷ давлатро аз Афғонистон берун овард
Sputnik Тоҷикистон
Се ҳавопаймои Русия, ки 36 тонн кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон расонд, ҳамзамон аз ин кишвар дасти кам 205 шаҳрванди панҷ давлати дунёро берун овард
2021-11-19T12:05+0500
2021-11-19T12:05+0500
2021-11-19T15:58+0500
афғонистон
нақлиёт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043261596_0:28:3079:1759_1920x0_80_0_0_2c7dbde91172d737470eeec59475e7ca.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои "Ил-76"-и Вазорати дифои Русия, ки дар берун овардани шаҳрвандони ин кишвар ва давлатҳои дигар аз Афғонистон иштирок мекунад, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омадааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия. Ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Украина ва Афғонистонро интиқол доданд. Қаблан хабар дода шуд, ки се ҳавопаймои Русия, ки ба Кобул кумаки башардӯстона интиқол медоданд, дар баргашт 205 шаҳрванди панҷ кишвари дунёро аз Афғонистон берун меоранд.Ёдовар мешавем, рӯзи 18 ноябр ҳавопаймои вазорати мудофиаи Русия ба Афғонистон 36 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод. Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буданд.Зимнан ҳукумати муваққати Афғонистон барои ирсоли кумакҳо ба раисҷумҳури Русия ва вазири мудофиаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, умедворӣ кард, ки интиқоли кумакҳо аз Русия минбаъд ҳам идома меёбад.
https://sputnik.tj/20211119/putin-om-afghoniston-kumak-1043631070.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043261596_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b04944cdc8ba0fdda1639fde5d5e2e17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия афғонистон
Русия 205 шаҳрванди панҷ давлатро аз Афғонистон берун овард
12:05 19.11.2021 (Навсозишуда: 15:58 19.11.2021) Се ҳавопаймои Русия, ки 36 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон расонд, ҳамзамон аз ин кишвар дастикам 205 шаҳрванди панҷ давлати дунёро берун овард
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои "Ил-76"-и Вазорати дифои Русия, ки дар берун овардани шаҳрвандони ин кишвар ва давлатҳои дигар аз Афғонистон иштирок мекунад, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омадааст, хабар медиҳад Вазорати дифои Русия.
"Ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии нақлиётии Вазорати дифои Русия, ки дар тахлияи шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Афғонистон ширкат дошт, дар фурудгоҳи Чкаловскийи вилояти Маскав фуруд омад", — омадааст дар хабар.
Ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Украина ва Афғонистонро интиқол доданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки се ҳавопаймои Русия, ки ба Кобул кумаки башардӯстона интиқол медоданд, дар баргашт 205 шаҳрванди панҷ кишвари дунёро аз Афғонистон берун меоранд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 18 ноябр ҳавопаймои вазорати мудофиаи Русия ба Афғонистон 36 тонна кумаки башардӯстонаро интиқол дод. Ин кумакҳо аз маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат буданд.
Зимнан ҳукумати муваққати Афғонистон барои ирсоли кумакҳо ба раисҷумҳури Русия ва вазири мудофиаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, умедворӣ кард, ки интиқоли кумакҳо аз Русия минбаъд ҳам идома меёбад.