https://sputnik.tj/20211119/roh-dushanbe-chanoq-boz-shud-1043649896.html
Роҳи "Душанбе - Чаноқ" боз шуд
Роҳи "Душанбе - Чаноқ" боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз" ЛТД дар Тоҷикистон, ки ба нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ муваззаф аст, аз боз шудани ин масир барои ҳаркати нақлиёт хабар дод
2021-11-19T18:37+0500
2021-11-19T18:37+0500
2021-11-19T18:39+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101464/58/1014645837_0:168:1600:1068_1920x0_80_0_0_c803256eeb8d814814cc0add556f4830.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Роҳи "Душанбе - Чаноқ" пас аз маҳдудияти муваққатӣ барои ҳаракати ҳама намуди нақлиёт боз шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати IRS хабар додааст.Ҳоло роҳи "Душанбе - Чаноқ", ки шимоли ҷумҳуриро ба пойтахт мепайвандад, барои ҳаракати мошинҳои боркаш боз аст. Дар баробари ин ширкат ҳушдор медиҳад, ки тамоми ронандагон бояд ба нигоҳубини мошинҳо таваҷҷуҳ кунанд.IRS аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз ворид шудан ба шоҳроҳ воситаҳои нақлиёти худро мувофиқи талаботи мавсими зимистон омода созанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ёдовар мешавем, қаблан хадамоти матбуотии ин ширкат ҳушдор дода буд, ки бар асари боридани барфи зиёд роҳ бояд тоза карда шавад. Барои ин ҳаракати ҳамаи мошинҳои боркаш муваққатан мамнуъ шуда буд.
https://sputnik.tj/20211117/roh-dushanbe-chanoq-masdud-1043604175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101464/58/1014645837_0:0:1424:1068_1920x0_80_0_0_25c292c150c48fd94e4b95d2e571165f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе чаноқ роҳ
Роҳи "Душанбе - Чаноқ" боз шуд
18:37 19.11.2021 (Навсозишуда: 18:39 19.11.2021) Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз" ЛТД дар Тоҷикистон, ки ба нигаҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ муваззаф аст, аз боз шудани ин масир барои ҳаркати нақлиёт хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Роҳи "Душанбе - Чаноқ" пас аз маҳдудияти муваққатӣ барои ҳаракати ҳама намуди нақлиёт боз шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати IRS хабар додааст.
Ҳоло роҳи "Душанбе - Чаноқ", ки шимоли ҷумҳуриро ба пойтахт мепайвандад, барои ҳаракати мошинҳои боркаш боз аст. Дар баробари ин ширкат ҳушдор медиҳад, ки тамоми ронандагон бояд ба нигоҳубини мошинҳо таваҷҷуҳ кунанд.
IRS аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз ворид шудан ба шоҳроҳ воситаҳои нақлиёти худро мувофиқи талаботи мавсими зимистон омода созанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Ёдовар мешавем, қаблан хадамоти матбуотии ин ширкат ҳушдор дода буд, ки бар асари боридани барфи зиёд роҳ бояд тоза карда шавад. Барои ин ҳаракати ҳамаи мошинҳои боркаш муваққатан мамнуъ шуда буд.