Олимон мегӯянд, ҳавопаймоҳо дар оянда бояд баландтар парвоз кунанд

© Pixabay / Самолет в небе
Самолет в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Олимон маълум карданд, ки пасттарин сатҳи атмосфера дар 20 соли охир дар натиҷаи баланд шудани ҳарорат дар ҷаҳон 100 метр васеъ шудааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Тағйирёбии иқлим метавонад ба кори ҳавопаймоҳо таъсир расонад, менависад "Science Advances".
Олимони Маркази миллии тадқиқоти атмосфераи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муайян карданд, ки сатҳи пасттарини атмосфера - тропосфера аз ҷиҳати ҳаҷм зиёд шудааст.
 Поиск жертв наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Кишварҳое, ки ба зудӣ аз рӯи замин нобуд хоҳанд шуд, ном бурда шуданд
Аз соли 2001 то соли 2020 аз ҳисоби болоравии ҳарорат дар ҷаҳон тақрибан 106 метр "варам" кард.

"Тропосфера васеъ мегардад, зеро дар атмосфера гармии бештар нигоҳ дошта мешавад",- мегӯянд олимони амрикоӣ.

Ба гуфтаи коршиносон, ин метавонад боиси баланд шудани парвози ҳавопаймоҳо шавад, то аз ошуфтагӣ дар осмон канорагирӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0