https://sputnik.tj/20211119/lavrov-mavqe-maskav-toshkand-afghoniston-nazdik-1043643316.html
Лавров гуфт, мавқеи Маскаву Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик аст
Лавров гуфт, мавқеи Маскаву Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик аст
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз аз надикии мавқеъҳои Маскаву Тошканд дар мавриди масоили Афғонистон гуфтааст
2021-11-19T16:15+0500
2021-11-19T16:15+0500
2021-11-19T17:20+0500
афғонистон
толибон
сергей лавров
ӯзбекистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013477_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_63072c6fb81c8f6a158c79eca6f826ba.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия аз наздик будани мавқеъҳо дар мавриди Афғонистон дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Маскав иттилоъ додааст. Ҳамсон будани мавзеъҳо дар мулоқоти Лавров бо ҳамтои ӯзбекистонияш Абдулазиз Комилов низ таъкид гардидааст, хабар дод Sputnik Афғонистон. Манбаъ аз қавли Комилов овардааст, ки иқдоми мусбати толибҳоро бояд дастгирӣ кард. Аз ҷумлаи чунин иқдом кушодани макотиби духтарон ва иҷозати кори занон дар идораи давлатӣ гуфта шудааст. Инчунин таъкид шуд, ки эътирофи ҳукумати толибҳо аз ташкили ҳукумати ҳамашумул, таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳандозии сиёсати ҳамсоядории хуб ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру терроризм вобаста аст. Дар баробари ин ҷониби Ӯзбекистон бар ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи башарӣ дар Афғонистон бояд дороиҳои бонкии ин кишвар раҳо шаванд. Инчунин пешниҳодҳо ба ҳамсояҳои Афғонистон барои қабули гурезаҳои афғонистонӣ ба ивази кумаки молӣ қобили қабул нест ва набояд мушкилоти иловагӣ бори ҳамсояҳо шавад, изҳор доштааст вазири Ӯзбекистон. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат тибқи шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд.
https://sputnik.tj/20211119/mirziyoev-voridi-rusiya-shud-1043639862.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013477_324:0:3055:2048_1920x0_80_0_0_be1fa7e98c5523a1804417c1e800107c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, вазири умури хориҷии русия, маскав, тошканд, афғонистон
лавров, вазири умури хориҷии русия, маскав, тошканд, афғонистон
Лавров гуфт, мавқеи Маскаву Тошканд дар мавриди Афғонистон наздик аст
16:15 19.11.2021 (Навсозишуда: 17:20 19.11.2021) Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз надикии мавқеъҳои Маскаву Тошканд дар мавриди масоили Афғонистон гуфтааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия аз наздик будани мавқеъҳо дар мавриди Афғонистон дар арафаи сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Маскав иттилоъ додааст.
Ҳамсон будани мавзеъҳо дар мулоқоти Лавров бо ҳамтои ӯзбекистонияш Абдулазиз Комилов низ таъкид гардидааст, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Манбаъ аз қавли Комилов овардааст, ки иқдоми мусбати толибҳоро бояд дастгирӣ кард. Аз ҷумлаи чунин иқдом кушодани макотиби духтарон ва иҷозати кори занон дар идораи давлатӣ гуфта шудааст.
Инчунин таъкид шуд, ки эътирофи ҳукумати толибҳо аз ташкили ҳукумати ҳамашумул, таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳандозии сиёсати ҳамсоядории хуб ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру терроризм вобаста аст.
Дар баробари ин ҷониби Ӯзбекистон бар ин аст, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи башарӣ дар Афғонистон бояд дороиҳои бонкии ин кишвар раҳо шаванд.
Инчунин пешниҳодҳо ба ҳамсояҳои Афғонистон барои қабули гурезаҳои афғонистонӣ ба ивази кумаки молӣ қобили қабул нест ва набояд мушкилоти иловагӣ бори ҳамсояҳо шавад, изҳор доштааст вазири Ӯзбекистон.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли равон ғасб карда, аз идораи давлат тибқи шариат бо тафсирҳои хосашон хабар доданд.