Ҷабборов вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистонро обод мекунад: "99 дарсади қалби ман Ботканд аст"

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Содир Джабборов
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон гуфт, дар тӯли 30 сол Бодканд рушд накард, заминҳои он фурӯхта шуд ва ҳамакнун ҳукумат ин заминҳоро бармегардонад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни посух додан ба суоли рӯзноманигоре ба мардуми Бодканд муроҷиат кард. Ин мусоҳиба дар торнамои хадамоти матбуотии ӯ нашр шудааст.
Аз кишвардор пурсида шуда, ки чаро дар Девони Вазирон аз намояндагони Бодканд касе нест. Рӯзноманигор ҳамчунин гила кард, ки миёни вакилони Жогорку Кенеш низ зодагони ин минтақа нестанд.
Президенти Қирғизистон гуфт, дар тӯли 30 сол Бодканд рушд накард ва заминҳои он фурӯхта шуд.

"Агар вазир аз Бодканд бошад, минтақаро пешрафта мекунад? Фарз кардем, дар давоми 30 сол 30 вазир ва 30 вакил буд, оё вилоят пешрафт кард? Баръакс ҳамаи заминҳо фурӯхта шуданд ва минтақа ақиб монд. Ҳоло мо талош дорем, заминҳоро баргардонем", - гуфт Ҷабборов.

Ӯ қайд кард, замони интихобот ба ҷавобгарӣ кашидани "хиёнаткорон" мумкин нест, вале баъди он, албатта, тафтиш мешавад ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, барои чунин посухгӯӣ ба ҷиноёт набояд "муҳлатро гузашта" ҳисоб кард.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов: Омодаи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонем, аммо як метрро намедиҳем
Президент ҳамчунин ба мардуми Ботканд муроҷиат кард.

"Бодкандиён ғамгин нашавед, ки вакилу вазир аз миёни шумо кам аст. Ман вакил, вазир ва президенти шумо ҳастам, 99 дарсади қалби ман Бодканд аст. Қирғизистон аз Бодканд сар мешавад", - изҳор дошт президент.

Сарвари давлат таъкид кард, ки имрӯз мақомот амният, рушди рифоҳи шаҳрвандон ва иқтисоди кишварро дар мадди аввал мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0