Идораҳои гуногуни ноҳиявӣ дар як бино барои самаранокию шаффофияти кор дар Душанбе

© Sputnik Бизнесмены в офисе
Бизнесмены в офисе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Дар ноҳияи Сино дафтари кории идораҳои гуногуни давлатӣ дар як бинои бисёрошёнаи навбунёд ҷой дода шуданд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави маъмурии ҳукумати ноҳияи Синоро ифтитоҳ кард, ки дар он идораҳои гуногуни ноҳиявӣ ҷой гирифтаанд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, иншоот дорои 61 ҳуҷраи корӣ, ду толори маҷлисӣ ва баъзе аз ҳуҷраҳои дигари ёрирасон буда, дар баробари ҷиҳози зарурӣ бо интернети баландсуръат пайваст мебошанд.
"Тарҳи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи муосир омода гардидааст, ки ба таъмини раванди шаффофияти кору фаъолияти кормандон мусоидат менамояд. Дар бинои нав барои 500 нафар имкони хуби кору фаъолият муҳайё гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Рамазон Раҳимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни гузоштани санги асоси бинои иловагии РВКД дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Барои милисаҳои Суғд бинои нав месозанд: Раҳимзода ва Аҳмадзода санги асос гузоштанд
Таъкид шудааст, ки дар бинои навбунёд идораи молия, шуъбаи маориф, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Муассисаи давлатии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил”, шуъбаи хидматрасонӣ-иҷтимоӣ дар хона ва Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона” ҷойгир карда шуданд.
Манбаъ афзуд, ки қаблан ин идораҳо дар биноҳои иҷора ва дар солҳои пеш сохташуда фаъолият мекарданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар бинои нави маъмурӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандонро ба фаъолияти пурсамару назаррас ва хидмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат даъват намуд.
Лентаи хабарҳо
0