БҶ афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA.
Денежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2022 афзоиши ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистонро тақрибан 25% пешбинӣ кардааст.
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши беш аз 25-дарсадии интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон ва таъсири он ба ММД-и ҷумҳуриро пешбинӣ кардааст, гуфта мешавад дар баёнияи матбуотии БҶ.
Дар соли 2022 ҳаҷми умумии интиқол 3,8% афзоиш меёбад.
Таҳлилгарон интизор доранд, ки воридоти пул ба кишварҳои даромади паст ва миёна барои соли дувуми пайдарпай аз ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ ва кумакҳои расмӣ барои рушд бештар хоҳад шуд.
Ин пулро хонаводаҳо барои харидории мол ва хидматрасонҳои муҳим - ғизо, тандурустӣ ва маориф сарф менамоянд.
Рождественская продовольственная ярмарка во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Маоши муҳоҷирон дар Русия боло рафтааст
Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳаҷми интиқоли пул ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки соли гузашта 8,6 фоиз кам шуда буд, то охири соли 2021 5,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 67 миллиард доллар мерасад.
Қобили зикр аст, ки ҳоло саҳми маблағҳои интиқолӣ дар ММД-и Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 25 дарсадро ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, шахсони воқеии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон тавассути низоми пардохт дар нимсолаи аввали соли 2021 752,4 миллион доллар интиқол додаанд ва маблағи миёнаи интиқоли пул аз Русия ба ҷумҳурӣ 154 долларро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0