Бибиҳо набераҳоро аз фарзандон дида бештар дӯст медоранд: сабаб

CC0 / Pxhere / Бабушка с внуком, архивное фото
Бабушка с внуком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Олимон дар пайи баргузории таҳқиқот муайян карданд, ки чаро бибиҳо аз фарзандон дида, наберагонро бештар дӯст медоранд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бибиҳо аз ҷиҳати эмотсионалӣ нисбат ба фарзандони худ ба наберагонашон бештар дилбастагӣ доранд. Ин хулосаро олимони Донишгоҳи Эмори (ИМА) баровардаанд, ки натиҷаҳои тадқиқоти онҳо дар маҷаллаи "The Royal Society" нашр шудаанд.
Муҳаққиқон 50 занеро интихоб карданд, ки ҳадди аққал як набераи аз 3 то 12-сола доштаанд. Ба онҳо аксҳои набераю фарзандонашон, инчунин расмҳои бачагону калонсолони ношинос пешниҳод шудааст.
Замоне ки занҳо аксҳоро тамошо мекарданд, мутахассисон кори мағзи сари онҳоро бо истифода аз МРТ назорат мекарданд.
Пара в кровати, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2019
Олимон гуфтанд, ки кадом мардон ба хиёнат қодиранд
Маълум шуд, вақте ки бибиҳо набераҳои худро мебинанд, минтақаҳои мағзи сар, ки бо ҳиссиёт алоқаманданд, фаъол мешаванд.
Ин аз он гувоҳӣ медихад, ки занҳо барои фаҳмидани ҳиссиёти набераҳо кӯшиш мекунанд: ҳангоми шодӣ кардан бибиҳо ҳамроҳи онҳо шод мешаванд, замоне гирён мешаванд, бибиҳо азоби онҳоро эҳсос мекунанд.
თავის ქალა - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
Мағзи сари инсон метавонад ояндаро пешгӯӣ кунад: олимон
Вақте занон аксҳои фарзандони худро тамошо мекарданд, минтақаҳои мағзи сар, ки бо ҳамдардии маърифатӣ алоқаманданд, фаъол шуданд.
Ҳамин тариқ робитаи эҳсосӣ бо наберагон дар ин тоифаи одамон нисбат ба фарзандонашон амиқтар буд.
Лентаи хабарҳо
0