https://sputnik.tj/20211118/vmkb-jinoyatkori-rekord-1043618139.html
ВМКБ аз нигоҳи сабти ҷинояткорӣ рекорд гузошт
ВМКБ аз нигоҳи сабти ҷинояткорӣ рекорд гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи ҷиноятҳои вазнини ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
2021-11-18T15:15+0500
2021-11-18T15:15+0500
2021-11-18T19:04+0500
дар тоҷикистон
вкд
сатҳи ҷинояткорӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/02/1028950261_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_25fcc7aaac95c1687b35ec52a9a4ead1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Тибқи маълумоти ахири ин ниҳод, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда беш аз 20,2 ҳазор ададро ташкил додааст. Ҳамин тариқ ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 фоиз афзудааст. Агентии омор ҳамзамон маълумоти марбут ба ҳар минтақаро низ нашр кардааст.Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд афзоиши ҷиноятҳо 8,8 фоиз, дар вилояти Хатлон 4 фоиз зиёд шудааст.Дар навоҳии тобеи марказ афзоиш ба 10,1 фоиз баробар аст.Афзоиши рекордии ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ - 27,6 фоиз гуфта мешавад. Зимнан дар ин муддат дар шаҳри Душанбе теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 8,8% коҳиш ёфтааст. Теъдоди ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифташуда 4368 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020 7,4 фоиз зиёд мебошад.Бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор низ 11,7 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба номус 63 фоиз, дуздӣ 4,3 фоиз, ғоратгарӣ 45,8 фоиз зиёд шудааст. Сатҳи умумии ошкор кардани ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-октябри соли равон 77,1 фоизро ташкил додааст, ки дар соли гузашта ин нишондод ба 78,4 фоиз баробар буд.
https://sputnik.tj/20211028/khushunat-kushtor-sughd-jinoyat-beshtar-1043147406.html
https://sputnik.tj/20210713/general-nazarzoda-jinoyatkori-poytaht-kam-1040846182.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/02/1028950261_30:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_09c906cd498f134e3902e3ff59ecb657.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб сабт ҷинояткорӣ рекорд
вмкб сабт ҷинояткорӣ рекорд
ВМКБ аз нигоҳи сабти ҷинояткорӣ рекорд гузошт
15:15 18.11.2021 (Навсозишуда: 19:04 18.11.2021) Шумораи ҷиноятҳои вазнини сабтшуда дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти ахири ин ниҳод, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда беш аз 20,2 ҳазор ададро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 фоиз афзудааст.
Агентии омор ҳамзамон маълумоти марбут ба ҳар минтақаро низ нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд афзоиши ҷиноятҳо 8,8 фоиз, дар вилояти Хатлон 4 фоиз зиёд шудааст.
Дар навоҳии тобеи марказ афзоиш ба 10,1 фоиз баробар аст.
Афзоиши рекордии ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшони Кӯҳӣ - 27,6 фоиз гуфта мешавад.
Зимнан дар ин муддат дар шаҳри Душанбе теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда 8,8% коҳиш ёфтааст.
Теъдоди ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифташуда 4368 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020 7,4 фоиз зиёд мебошад.
Бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор низ 11,7 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба номус 63 фоиз, дуздӣ 4,3 фоиз, ғоратгарӣ 45,8 фоиз зиёд шудааст.
Сатҳи умумии ошкор кардани ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-октябри соли равон 77,1 фоизро ташкил додааст, ки дар соли гузашта ин нишондод ба 78,4 фоиз баробар буд.