https://sputnik.tj/20211118/pokiston-tajovuzgaron-akhta-mekunand-1043626440.html
Дар Покистон таҷовузгаронро минбаъд ахта мекунанд: Дар Тоҷикистон чӣ?
Дар Покистон таҷовузгаронро минбаъд ахта мекунанд: Дар Тоҷикистон чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумони Покистон қонуни нави зидди таҷовуз ба номусро тасвиб карданд, ки бар асоси он минбаъд таҷовузгарон дар ин кишвар ахта хоҳанд шуд
2021-11-18T20:00+0500
2021-11-18T20:00+0500
2021-11-18T20:44+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
покистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/64/1024666486_0:0:2847:1602_1920x0_80_0_0_ccbce11ea573e60d70e877c4984d5f58.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Покистон минбаъд таҷовузгарони занону кӯдаконро ахта мекунанд, хабар медиҳад CNN.Манбаъ менависад, ки ин тарҳ аллакай аз ҷониби вакилони парлумон тасвиб шудааст. Гуфта мешавад, дар робита ба афзун шудани мавориди озори ҷинсии занону кӯдакон дар ин кишвар эътирозҳои оммавӣ низ зиёде шуданд ва мардум талаби ҷазои созгор ба таҷовузгаронро намуданд.Ҳоло Ҳукумати Покистон дар саросари кишвар додгоҳҳои вижаро таъсис медиҳад, то парвандаи таҷовузи ҷинсӣ дар кӯтоҳтарин муддат, аниқтараш то 4 моҳ баррасӣ шавад.Бар асоси қонуни нав, афроде, ки дар таҷовузи дастаҷамъӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ба эъдом ё ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.Маврид ба зикр аст, ки ахтаи кимиёӣ як ҷазои қонунӣ аст, ки дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия нисбати таҷовузгарон роҳандозӣ мешавад.Дар Тоҷикистон ҳам пас аз қатлу таҷовузи Руфайдаи 8-сола аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди чунин ҷазо барои таҷовузгаронро намуда буданд.Муттаҳам дар қатл ва таҷовузи ин духтарак ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.
https://sputnik.tj/20211019/qotili-rufeyda-hukmi-abad-dodand-1042963511.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/64/1024666486_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6b0393d09cdf374599bedd7c9013e3e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон таҷовузгарон ахта
покистон таҷовузгарон ахта
Дар Покистон таҷовузгаронро минбаъд ахта мекунанд: Дар Тоҷикистон чӣ?
20:00 18.11.2021 (Навсозишуда: 20:44 18.11.2021) Вакилони парлумони Покистон қонуни нави зидди таҷовуз ба номусро тасвиб карданд, ки бар асоси он, минбаъд таҷовузгарон дар ин кишвар ахта карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Покистон минбаъд таҷовузгарони занону кӯдаконро ахта мекунанд, хабар медиҳад CNN.
Манбаъ менависад, ки ин тарҳ аллакай аз ҷониби вакилони парлумон тасвиб шудааст. Гуфта мешавад, дар робита ба афзун шудани мавориди озори ҷинсии занону кӯдакон дар ин кишвар эътирозҳои оммавӣ низ зиёде шуданд ва мардум талаби ҷазои созгор ба таҷовузгаронро намуданд.
Ҳоло Ҳукумати Покистон дар саросари кишвар додгоҳҳои вижаро таъсис медиҳад, то парвандаи таҷовузи ҷинсӣ дар кӯтоҳтарин муддат, аниқтараш то 4 моҳ баррасӣ шавад.
Бар асоси қонуни нав, афроде, ки дар таҷовузи дастаҷамъӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ба эъдом ё ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахтаи кимиёӣ як ҷазои қонунӣ аст, ки дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия нисбати таҷовузгарон роҳандозӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳам пас аз қатлу таҷовузи Руфайдаи 8-сола аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди чунин ҷазо барои таҷовузгаронро намуда буданд.
Муттаҳам дар қатл ва таҷовузи ин духтарак ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.