https://sputnik.tj/20211019/qotili-rufeyda-hukmi-abad-dodand-1042963511.html
Қотили Руфейда ҳукми абад гирифт
Қотили Руфейда ҳукми абад гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Раҳмутулло Гадоевро бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист 19.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-19T13:37+0500
2021-10-19T13:37+0500
2021-10-19T14:58+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:400_1920x0_80_0_0_eb6be79004adbbdce13f13e6eb998a30.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Раҳматулло Гадоев, ки бо гумони даст доштан дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола боздошт шуда буд, аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми абад гирифт.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари духтар Валиҷон Иноятов хабар дод.Додгоҳ Гадоевро ба ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор гунаҳкор донист.Ёдрас менамоем, ки ҳодисаи куштори даҳшатбори духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи июл рух дода буд. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ ба иттиҳоми нақзи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор боздошт шуд.Ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.
https://sputnik.tj/20211013/malum-shud-ki-kay-parvandai-qatli-rufeyda-ba-okhir-merasad-1042818359.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040866454_0:0:710:532_1920x0_80_0_0_9d080b912a9a5c7b19198b2b946e15b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Қотили Руфейда ҳукми абад гирифт
13:37 19.10.2021 (Навсозишуда: 14:58 19.10.2021) Додгоҳи Олии Тоҷикистон Раҳмутулло Гадоевро бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Раҳматулло Гадоев, ки бо гумони даст доштан дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола боздошт шуда буд, аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми абад гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари духтар Валиҷон Иноятов хабар дод.
Додгоҳ Гадоевро ба ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор гунаҳкор донист.
Ёдрас менамоем, ки ҳодисаи куштори даҳшатбори духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи июл рух дода буд. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.
Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ ба иттиҳоми нақзи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 - куштор боздошт шуд.
Ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.