Наҷотбахшони тоҷикро гуфтанд, чӣ тавр ба қурбониён бояд кумаки равонӣ расонд

© КҲФ ТоҷикистонНамояндагони КҲФ Тоҷикистон ва Русия
Намояндагони КҲФ Тоҷикистон ва Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Обуна шудан
Наҷотбахшони тоҷик бо кори Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ошно шуданд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар як сафари корӣ аз Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дидан кард, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, мутахассисони тоҷикро муовини мудири ин марказ Татяна Никитина бо фаъолияти Марказ шинос намуд. Вай зикр кард, ки ин хадамот имсол 22-сола шуд.

"Дар ин муддат, мо таҷрибаи зиёде андӯхтаем, иштирокчии рафъи оқибатҳои қариб ҳамаи садамаҳои бузург ва офатҳои табиӣ дар қаламрави кишварамон ва бисёре аз ҳодисаҳо дар хориҷи кишвар будем", - гуфт Татяна Никитина.

Ӯ иттилоъ дод, ки марказ кори бахшҳои худро дар ҳашт минтақаи дигари кишвар ба роҳ мондааст.
Сардори шуъбаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ Кирилл Бородин нақл кард, ки кори расонидани ёрии таъҷилии равоншиносӣ дар ҳолати фавқулодда чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, рафтани равоншиносон ба ҷои ҳодиса чӣ гуна сурат мегирад ва барои ин чӣ қадар вақт лозим аст ва ғайра.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Ҳушдори КҲФ: Шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд
Ӯ ҳамчунин дар бораи навбатдории шабонарӯзӣ дар гурӯҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар Маскав, ки вазифаи он расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба қурбониёни сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва афроде, ки қасди худкушӣ кардаанд, аст, ҳикоят кард.
Сардори шуъбаи усулҳои фосилавӣ Елена Варфоломеева ширкатдоронро бо кори телефони боварӣ ва операторони машваратҳои психологии фосилавӣ, ки шабонарӯзӣ ба аҳолӣ ёрии психологӣ мерасонанд, шинос намуд.

"Ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда одамон ба маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ ва ҳолати қурбониён, вазъи кунунии кор ва чорабиниҳо барои рафъи ҳолати фавқулодда аҳамияти фаврӣ доранд", - гуфт Елена Варфоломеева ва илова намуд.

Илова бар ин намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо имкониятҳои марказ дар бораи омодагии равонии ҳайати шахсӣ, корҳои офиятбахшии тиббию равонӣ, инчунин дастгирии ташхиси равонӣ, ки дар доираи онҳо намудҳои гуногуни муоинаи равонӣ гузаронида мешаванд, шинос шуданд.
Лентаи хабарҳо
0