https://sputnik.tj/20211104/hushdori-khf-qoidahoi-bekhatarii-sukhtor-1043271677.html
Ҳушдори КҲФ: Шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд
Ҳушдори КҲФ: Шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд
2021-11-04T13:05+0500
2021-11-04T13:05+0500
2021-11-04T20:20+0500
дар тоҷикистон
сардӣ
кҳф
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103077/82/1030778285_0:58:1024:634_1920x0_80_0_0_6e99df127c0ea18524922600ffa91c16.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ бояд эҳтиёт кард.Дар ин бора дар сомонаи расмии КҲФ хабар дода шудааст.КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар зимни истифодаи бухориҳо низ эҳтиёт кунанд, бояд ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз волидайн хостааст, ки дар ин рӯзҳо кӯдаконро танҳо ва беназорат нагузоранд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд.Ҳамзамон КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо, навоҳии кӯҳистонӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.“Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳр, кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад”, - қайд кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ахиран хабар дода буд, ки 4-5 ноябр дар водиҳо борон, дар баландиҳои бештар аз 200 метр - дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи тар борида, дар баъзе ҷойҳо барф шиддат мегирад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.4 ноябр гармии ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ меҳ мефарояд.
https://sputnik.tj/20211104/sardi-barf-boron-peshgui-havoshinosoni-tojik-1043269496.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103077/82/1030778285_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_cb8f5657b66e1008a97adc9c5c8178ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, ҳушдор, сӯхтор, қоидаҳои бехатарӣ
тоҷикистон, кҳф, ҳушдор, сӯхтор, қоидаҳои бехатарӣ
Ҳушдори КҲФ: Шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд
13:05 04.11.2021 (Навсозишуда: 20:20 04.11.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ бояд эҳтиёт кард.
Дар ин бора дар сомонаи расмии КҲФ хабар дода шудааст.
КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар зимни истифодаи бухориҳо низ эҳтиёт кунанд, бояд ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз волидайн хостааст, ки дар ин рӯзҳо кӯдаконро танҳо ва беназорат нагузоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд.
Ҳамзамон КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо, навоҳии кӯҳистонӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.
“Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳр, кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ахиран хабар дода буд, ки 4-5 ноябр дар водиҳо борон, дар баландиҳои бештар аз 200 метр - дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи тар борида, дар баъзе ҷойҳо барф шиддат мегирад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
4 ноябр гармии ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ меҳ мефарояд.