https://sputnik.tj/20211118/kordkash-markazi-dilkhushi-orom-dushanbe-1043623834.html
Кордкашӣ назди маркази дилхушии "Ором"
Кордкашӣ назди маркази дилхушии "Ором"
Sputnik Тоҷикистон
Нисбати сокини 29 - солаи ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ барои кордкашӣ назди маркази дилхушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
2021-11-18T18:30+0500
2021-11-18T18:30+0500
2021-11-18T20:25+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103023/77/1030237757_1:0:1919:1079_1920x0_80_0_0_ed14fc1eb2bed9246175bb1678537cdf.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар маркази дилхушии "Ором", дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кордкашӣ сурат гирифтааст.Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини 29-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ марди дигарро бо корд шадидан маҷрӯҳ намудааст. Ин ниҳод ҷузиёти бештари ин ҳодиса ва ҳамзамон иллати сар задани кордзаниро нашр накардааст.Вазорат ин ҳодисаро ҳамчун авбошӣ арзёбӣ карда."Сокини 29-солаи Абдураҳмони Ҷомӣ, марди 39-соларо бо корд 3 бор ба мавқеи қафаси сина аз тарафи рост, шонаи чап ва рони пойи рост зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабар.Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.ВУД Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки нисбати гумонбар бо моддаи 237, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210910/kordkashii-javon-nohiyai-ayni-1042187155.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103023/77/1030237757_240:0:1679:1079_1920x0_80_0_0_63308edcb5e0d9f7267d097143a8e009.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кордкашӣ
Кордкашӣ назди маркази дилхушии "Ором"
18:30 18.11.2021 (Навсозишуда: 20:25 18.11.2021) Нисбати сокини 29-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои кордкашӣ дар назди маркази дилхушӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар маркази дилхушии "Ором", дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кордкашӣ сурат гирифтааст.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини 29-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ марди дигарро бо корд шадидан маҷрӯҳ намудааст. Ин ниҳод ҷузиёти бештари ин ҳодиса ва ҳамзамон иллати сар задани кордзаниро нашр накардааст.
Вазорат ин ҳодисаро ҳамчун авбошӣ арзёбӣ карда.
"Сокини 29-солаи Абдураҳмони Ҷомӣ, марди 39-соларо бо корд 3 бор ба мавқеи қафаси сина аз тарафи рост, шонаи чап ва рони пойи рост зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки нисбати гумонбар бо моддаи 237, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.