https://sputnik.tj/20210910/kordkashii-javon-nohiyai-ayni-1042187155.html
Муноқишаи ду ҷавон дар ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомид
Муноқишаи ду ҷавон дар ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомид
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо 11 зарби корд дар беморхона бистарӣ шудааст
2021-09-10T18:35+0500
2021-09-10T18:35+0500
2021-09-10T18:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷароҳат
корд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_e65e51e6a570532f5707c0ae8fb0f8ee.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати нави кордзанӣ дар вилояти Суғд хабар додааст. ВУД мегӯяд, муноқиша миёни ду ҷавон, сокинони ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомидаст, ки якеро маҳбасию дигареро бистарӣ кардааст. Мақомот мегӯянд, ҳодиса рӯзи 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00 рух дод. "Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ҳамин ҷамоат рафта, аз сабаби мунақишаи ба миён омада, бо корди бо худ дошта 11-маротиба ба аъзои бадани охирон задааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД. Ин ниҳод мегӯяд, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Маъмурин нисбати гумонбаршаванда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда, феълан аз рӯи ин ҳодиса, тафишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210726/dushanbe-noboligh-kuftand-1041178825.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102624/17/1026241776_99:0:820:541_1920x0_80_0_0_cde72d807aea9a96115f9147e001d530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
айнӣ, суғд, корд, ҷавон, беморхона, маҳбас
айнӣ, суғд, корд, ҷавон, беморхона, маҳбас
Муноқишаи ду ҷавон дар ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомид
18:35 10.09.2021 (Навсозишуда: 18:50 10.09.2021) Як сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо 11 зарби корд дар беморхона бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати нави кордзанӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.
ВУД мегӯяд, муноқиша миёни ду ҷавон, сокинони ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомидаст, ки якеро маҳбасию дигареро бистарӣ кардааст.
Мақомот мегӯянд, ҳодиса рӯзи 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00 рух дод.
"Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ҳамин ҷамоат рафта, аз сабаби мунақишаи ба миён омада, бо корди бо худ дошта 11-маротиба ба аъзои бадани охирон задааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ин ниҳод мегӯяд, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Маъмурин нисбати гумонбаршаванда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда, феълан аз рӯи ин ҳодиса, тафишот идома дорад.